Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: роҳҳои нави табобати сил


Ташаббуси нави Созмони ҷаҳонии беҳдошти СММ як кӯшишест барои ҷилавгирӣ аз доман задани бемории сил дар сайёра.

Бемории силли ба дору муқовиматпазир ҳоло бо суръати баланд паҳн мешавад ва, ба таъйиди Созмони милали муттаҳид, аз 9 миллион мавриди мубталоиин беморӣшудан 450 000 мавриди он бемории силли муқовиматпазир ба дору мебошад. Ончи, ки табобати ин маразро мушкилтар мекунад, ин аст, ки барои ташхиси он моҳҳо зарур мешавад.
Раҳбари озмоишгоҳи Созмони ҷаҳонии беҳдошт оид ба марази сил дар Женева (Суис) доктор Карин Вейер мегӯяд: “Мушкили асосӣ муддати тӯлони мунтазир шудан барои гирифтани натиҷаҳои озмоишҳо мебошад. Ин маънои онро дорад , ки ташхис ҳамеша ду ё се моҳ дертар муайян мегардад ва ҳатто дертар. Махсусан, вақте ки беморон ҳамзамон мубталоёни вируси норасоии масунияти бадан мебошанд. Ҳолатҳое буд, ки маризон пеш аз муайян шудани ташхис вафот кардаанд”.
Карин Вейер афзуд, то замоне, ки бемор будани чунин афрод муайян мешавад, онҳо манбаъи паҳншавии беморӣ мемонанд. Сил, мегӯяд ӯ, ба осонӣ метавонад аз роҳҳои нафас низ ба каси дигар сироят кунад ва барои ташхиси беморӣ на бештар аз 2 рӯз лозим аст бо қиматаш дастикам 8 доллар.
Аммо озмоиш ин фақат як бахши барономаи нави созмон мебошад. Доктор Вейер мегӯяд: “Барномаи аввал ин шинос кардани мардуми кишварҳои дар ҳоли рушд бо ташхиси наву босуръати ин навъи сил, ки ҳудудан як ё ду рӯз аст. Қисми дувуми барнома таъмини ин кишварҳо бо доруҳои зарурӣ барои муолиҷаи ин навъи сил мебошад”.

Барномаи нав аз ҷониби ду бурси (гранти) СММ, ки барои кумак ба созмонҳои беҳдоштии умумӣ дар Бразилия, Британия, Чилӣ, Фаронса ва Норвегия таъсис шуда буд, сармоягузорӣ мешавад.

Ва, ҳамин тавр, дар кишварҳое, ки бемории силли муқовим ба дору паҳн мегардад, барои озмоишҳо дастикам 26 миллион доллар ва барои хариди дорувории зарурӣ беш аз 33 миллион доллар ихтисос додааст.
Бино бар иттилоъи мутахассисон, ахиран ин навъи сил ба вижа дар кишварҳои Африқо ва Осиё ба мушкили умда табдил шудааст ва ба Русияву кишварҳои Аврупои шарқӣ низ таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG