Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси САҲА Қирғизистонро тавсиф кард


Александр Стубб, раиси давраии САҲА, дар Қирғизистон
Александр Стубб, раиси давраии САҲА, дар Қирғизистон

Александр Стубб, раиси давраии САҲА, ки сафари дурӯзаро дар Бишкек анҷом медод, рӯзи сешанбе аз сӯи мақомоти раҳбарии Қирғизистон пазируфта шуд.

Ҷаноби Стубб тайи як нишасти хабарӣ дар ин маврид гуфт, мӯҳтавои мулоқотҳоеро, ки ӯ бо президент, раиси порлумон ва вазири хориҷаи Қирғизистон дошт, тарғиби демократия, устувории қонун ва ҳуқуқи башар ташкил кард, вале ба назар мерасад, ки Қирғизистон дар мавриди демократия ва озодии баён андак ақиб рафтааст. Ба таъкиди Александр Стубб, ба ҳар сурат ӯ чунин мешуморад, ки ҳамкорӣ бо Қирғизистон барои САҲА ягон душворӣ эҷод нахоҳад кард.

Мавсуф ҳамчунин тазаккур дод, ки намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо низ ба Қирғизистон сафарҳои зиёд анҷом додаанд ва медиҳанд, вале САҲА амрикоиҳо, аврупоиҳо ва ақвоми боқимондаи рӯи оламро ба ҳам муттаҳид месозад. Александр Стубб дар мавриди озодии баён, озодии виҷдон ва ташкили гирдиҳамоиҳо гуфт, ин масъалаҳо як ҷузъи ҳуқуқи башар мебошанд, ки онро низ бо мақомоти раҳбарии Қирғизистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.

Ҷаноби Стубб лағви ҳукми эъдом ва иҷозаи боздиди намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ аз зиндонҳои Қирғизистонро пешрафт дар соҳаи демократия арзёбӣ кард ва афзуд, ки иқдоми мақомоти Қирғизистон дар ин маврид қобили тавсиф аст. Ба гуфтаи раиси давраии САҲА, вай дар ҷараёни сафараш бо намояндагони созмонҳои иҷтимоъӣ ва вакилони аҳзоби сиёсии ин кишвар низ дидору мулоқотҳо анҷом дод. Бар асоси суханони Александр Стубб, Қирғизистон дар оянда метавонад барои мақоми раиси давраии САҲА талош кунад.

Дар ҳамин ҳол Аликбек Ҷекшенқулов, раиси ҷунбиши мардумии «Барои адолат» иброз дошт, ки анҷоми дидору мулоқотҳои раиси давраии САҲА дар пешрафти ҷомеъаи кишвараш манфиате нахоҳад овард. Ба гуфтаи Аликбек Ҷекшенқулов, тақдири Қирғизистон фақат дар дасти мардуми ин кишвар аст ва онро касе аз берун ҳаллу фасл нахоҳад кард. Мавсуф ба дунболи ин афзуд, ки Қирғизистон эътибори худро дар арсаи байнулмилал мунтазам аз даст медиҳад ва ба мақоми раиси давраии САҲА даъвогарӣ кардани кишвараш хаёли хом аст.

Ба гуфтаи раиси ҷунбиши мардумии «Барои адолат», САҲА дар мавриди нақзи ҳуқуқи башар, фишор болои озодии баён, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо перомуни ташкили намоишҳои эътирозӣ ва ширкати аҳзоби сиёсӣ дар интихоботи порлумонӣ ягон изҳорот пахш накард, ки боиси таассуфи ӯст.

XS
SM
MD
LG