Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи бушкаи нафт аз 143 доллар гузашт


Қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ дигарбора ба таври рекордӣ боло рафта ва барои як бушка тақрибан 144 долларо ташкил дод. Муомилакунандагони нафтӣ мегӯянд, сару садоҳо доир ба он ки муноқишаҳо бар сари барномаҳои ҳастаии Эрон метавонад, интиқоли нафт ба ба бозорҳоро халалдор кунад, як сабаби афзоиши қимати нафт шудааст. Як иллати дигари гаронтар шудани нафт, боз ҳам поёнтар рафтани қурби доллари амрикоист, ки дар тиҷорати молу коло бисёр истифода мешавад. Аз аввали соли равон то кунун қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ то 40 дар сад боло рафтааст.

XS
SM
MD
LG