Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон - 53 дарсад


Мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки бар асоси як пажӯҳиши нав, бештар аз нисфи мардум камбизоат мондаанд. Кумитаи омор гуфт, 53 дар сади мардуми Тоҷикистон камбизоат ва бештар аз 17 дар сади онҳо ниҳоят фақир ҳастанд. Ба гуфтаи кумитаи омор бештар аз 53 дар сади аҳолии Тоҷикистон моҳона барои рӯзгузаронӣ танҳо 40 доллар сарф мекунанд, ки ин маблағ танҳо барои харидани 50 кило орд кофӣ аст. Ҳафтдаҳ дар сади мардум моҳона камтар аз 30 доллар сарф ва поёнтар аз хатти фақр зиндагӣ мекардаанд. Интизор меравад, имрӯз натиҷаҳои пажӯҳиши мазкур дар як ҳамоише дар Душанбе баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG