Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози иҷлоси САҲА дар Остона


Дар Остона, пойтахти Қазоқистон иҷлоси 17-уми порлумонии Созмони аминият ва ҳамкории Аврупо ба кори худ оғоз кард.

Йоран Ленмаркер, раиси маҷмаъи порлумонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо гуфт, ки раисии Қазоқистон дар ин созмон дар соли 2010 ба густариши робитаи байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ мусоидат карда, демократия ва шаффофият дар ин кишвари паҳновар ва бонуфузро тақвият хоҳад бахшид. Ин нуктаро оқои Ленмаркер ҳангоми оғози 17-умин иҷлоси порлумонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Остона 29 июн баён намуд.

Оқои Ленмаркер афзуд, ки худи бори нахуст дар Осиёи Марказӣ ва он ҳам дар пойтахти Қазоқистон доир гардидани иҷлоси порлумонӣ баёнгари то чи андоза ба минтақаи муҳим табдил ёфтани Осиёи Марказиро нишон медиҳад. Аз ин рӯ, вай хостори тақвияти ҳамкориҳои муштарак шуд ва таъкид кард, ки созмон бояд ба Қазоқистон ва дигар кишварҳои минтақа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намояд.

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳурии Қазоқистон, ки дар маҷмаъи порлумонӣ суханронӣ кард, дар ин робита таъкид намуд, кишвараш барои тақвияти демократия гомҳои нав хоҳад гузошт. Аз ҷумла вай изҳор кард, дар Қазоқистон бояд механизми ҳуқуқие ба вуҷуд овард, то он имкон бидиҳад порлумони кишвар ҳадди ақал аз ду ҳизб ташкил гардад. Сониян, ба вуҷуд овардани заминаҳои мусоид барои сабти номи давлатии аҳзоби сиёсӣ, ҳамчунин такмили ҷараёни интихобот ва самти чаҳорум аз байн бардоштани баъзе монеаҳои зиёдатии бюрократии танзимкунандаи фаъолияти расонаҳои хабарӣ аз ҷумлаи он масоиле ҳастанд, ки сарвари Қазоқистон ба миён гузошт.

САҲА ба гуфтаи оқои Ленмаркер, воситаи калидиест, барои сари вақт муайян кардан ва ҷилавгирии низоъҳо дар кишварҳои узви ин созмон.

Иҷлоси 17-уми Маҷмаъи порлумонии САҲА то 3 июли соли равон идома хоҳад кард. Дар назар аст, дар ин иҷлос ҳамчунин Марк Перрен де Бришамбо, дабири кулли созмон, Тоне Тинсгард, намояндаи вижаи иҷлоси порлумонӣ дар масоили занон, Кнута Воллебек, комиссари олии созмон дар масоили аққалиятҳои миллӣ ва сарварони ҳарду Маҷлиси порлумони Қазоқиситон суханронӣ хоҳанд кард.

Дар ин иҷлос дар қатори анқариб 270 намоянда аз 56 кишвари узви созмон 5 фиристодаи Тоҷикистон аз идораи раёсати ҷумҳур ва депутатҳои порлумон ширкат доранд.

XS
SM
MD
LG