Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди вазири хориҷаи Амрико аз Чин оғоз шуд


Кондолизза Райс-вазири хориҷаи Амрико барои боздиди дуруза аз Чин вориди ин кишвар шуд. Вилоятҳои ҷануби ғарби Чин аз зилзилаҳои фоҷеъабори 12-уми май осеб дид ва 70-ҳазор нафар дар вилояти Сичуон қурбони ин фоҷеъа шуданд. Хонум Райс боздидаш аз Чинро бо шаҳри Ченҷу-маркази вилояти Сичуон оғоз кард. Сипас вай дар шаҳри Дуйианҷион, ки аз зилзила хеле осеб дидааст, таваққуф кард ва талошҳои Чинро барои рафъи оқибатҳои зилзила ва боз гузоштани роҳҳо барои вуруди кумакҳои байналмиллалӣ судманд хонд. Дар поёни руз хонум Райс вориди Пекин мешавад, то бо раҳбарони Чин мулоқот кунад. Қарор аст вай рузи душанбе бо Ҳу Ҷинтао-раиси ҷумҳур ва Вен Ҷибао-нахуствазири ин кишвар ба гуфтугу нишинад.
XS
SM
MD
LG