Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон: Толибон фаъол мешаванд


Вазорати дифоъи Амрико мегӯяд, Толибон нируҳои худро дубора созмондиҳӣ ва мунсаҷим намуда, барои ҳамалоти тоза омода шудаанд.

Пентагон ё вазорати дифоъи Амрико дар гузориши тозаи худ роҷеъ ба амнияти Афғонистон, ихтор додаст, ки ҷунбиши «Толибон» ба як нируи шӯришии инъитофпазир табдил гаштааст.

Дар ин гузориш ҳамчунин зикр шуда, ки толибон дар ҷануб ва ва гурӯҳҳои «Ал-қоида» ва ҷангиёни покистонӣ дар шарқи Афғонистон ба авзои амниятӣ таҳдид мекунанд.

Дар гузориши вазорати дифоъи Амрико аз сатҳи омодагии нокифояи артиш ва пулиси Афғонистон низ изҳори нигаронӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG