Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати нафт боз боло рафт


Қимати нафт дар хариду фурӯши электронии Биржаи Ню-Йорк имрӯз ба 142 доллар барои як бушка расид. Қимати нафт як рӯз баъд аз изҳороти раиси ОПЕК - Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт, вазири энерҷии Алҷазоир Соҳиб Халил боло рафт, ки ҳадс зада буд бо сабаби пойин рафтани қурби доллар ва нооромиҳо дар Ховари Миёна шояд нархи як бушка нафт то 170 доллар афзоиш биёбад.

XS
SM
MD
LG