Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Таркишҳои Ироқ 40 касро кушт

Рӯзи панҷшанбе дар пайи ду таркиши ҷудогонаи бомба дар Ироқ беш аз 40 нафар кушта шуданд. Таркиши аввалро ҳамлагари шаҳодатталаб дар минтақаи суннинишини Кармаҳи вилояти Анбор анҷом дод ва дар ин ҳодиса 23 нафар, аз ҷумла се сарбози нирӯҳои дарёии Амрико ба ҳалокат расиданд. Ҳамлаи мазкур чанд рӯз пеш аз он сурат мегирад, ки нирӯҳои ироқӣ барои таҳти контроли амниятии худ гирифтани вилояти Анбор аз дасти низомиёни амрикоӣ омодагӣ мебинанд. Дар натиҷаи таркиши мошине дар шаҳри шимолии Мосул дасти кам 18 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба эҳтимоли ғолиб, ҳадафи ҳамла раҳбари минтақаие будааст, ки дар наздикии таркиш қарор дошт. Ва дар пай ин ҳамла ҷон ба саломат бурдааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Таҳқиқи парвандаи писарони Саид Қиёмиддини Ғозиро ба поён расондаанд

Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар ошӯби соли гузашта дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд

Таҳқиқи парвандаи се писари Саид Қиёмиддини Ғозӣ, рӯҳонии шинохта дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистонро ба поён расондаанд. Мақомот дар ин бора расман хабар намедиҳанд, вале як манбаи огоҳ рӯзи 23-юми сентябр гуфт, ки парванда барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шудааст.

Ба қавли манбаъ, рӯзҳои наздик мурофиаи додгоҳии Саидмуҳаммади 44-сола, Саидҳасани 33-сола ва Саидмуҳаммадии 25-сола оғоз мешавад. Дар ҳамин ҳол, сомонаи "Ахбор" рӯзи 22-юми сентябр хабар дод, ки Саидмуҳаммад, писари калонии Қиёмиддини Ғозӣ ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст.

Раҷабгул Мусулмонова, ҳамсари Саид Қиёмиддини Ғозӣ, рӯзи 23-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои фарзандонаш ба боздоштгоҳ ғизо мебарад ва "агар ҳукмашон содир мешуд, хабар меёфт".

Саидмуҳаммад, Саидҳасан ва Саидмуҳаммадӣ ду моҳ пеш дастгир шуданд. Мақомот то ҳол расман дар бораи боздошти бародарон шарҳе надодаанд.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Саидмуҳаммад ба "хиёнат ба давлат" гумонбар аст. Аз рӯйи ин иттиҳом ба ӯ то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Манбаи огоҳ аз парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, як далел нисбат ба Саидмуҳаммад ин будааст, ки гӯё барои гирифтани раводиди ду нафар, ки барои таҳсил ба Эрон мерафтанд, мусоидат кардааст. Наздикони Саидмуҳаммад гуфтанд, ӯ дар дӯконаш ба тиҷорат машғул буд.

Иттиҳоми ду писари дигари Саид Қиёмиддини Ғозӣ маълум нест. Тибқи иттилои манобеи огоҳ, мақомот онҳоро ба ифротгароӣ муттаҳам мекунанд. Саидҳасан ва Саидмуҳаммадӣ таҳсилкардаи донишгоҳе дар Эрон будаанд.

Писарони Саид Қиёмиддини Ғозӣ рӯзҳои 17 ва 19-уми июли имсол боздошт шуданд.

Худи Саид Қиёмиддини Ғозӣ соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт ва дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда шуд. Ӯро ба 25 соли зиндон маҳкум карданд ва дар ошӯби тобистони соли гузашта дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд.

Ӯ дар оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз муҷриҳои майдони "Шаҳидон" буд. Пас аз шурӯи ҷанг ба Афғонистон паноҳанда шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард.

Бо имзои Созишномаи сулҳ, Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хизматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени "Шараф" қадрдонӣ шудааст.

Баъди занозании тарафдорони ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон 4 касро ҳабс карданд

Додгоҳи ноҳияи Аравани Қирғизистон рӯзи 23 сентябр 4 гумонбар дар занозании дастаҷамъиро барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Шоми 20 сентябр дар ноҳияи Аравани вилояти Ӯш дар маъракаи таблиғотии ҳизби "Мекеним Қирғизистон" занозании дастаҷамъӣ рух дод, ки дар натиҷа 12 одам ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Пулиси вилояти Ӯш гуфт, занозанӣ баъди он шуруъ шуд, ки номзади ҳизби "Мекеним Қирғизистон" нисбати номзади маҳаллии ҳизби дигар носазо гуфт.

Ҳизби "Мекеним Қирғизистон" баъди занозанӣ дар изҳороте ҳодисаи рухдодаро "иғво" унвон кард.

Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр баргузор мешавад. Дар ин интихобот 16 ҳизби сиёсӣ ширкат мекунад.

Қазоқистон ба санади бекор кардани ҳукми қатл пайваст

Қазоқистон ба санаде пайваст, ки аз кишварҳои узв бекорсозии ҳукми қатлро тақозо мекунад.

Аз вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон рӯзи 24 сентябр хабар доданд, ки намояндаи ин кишвар дар СММ Кайрат Умаров Санади иловагии Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро имзо кард, ки ба бекорсозии ҳукми қатл равона шудааст.

Соли 2003 Қазоқистон ба ҳукми қатл моратория эълом карда буд. Моратория маънии муваққатан боз доштани иҷрои ҳукми қатлро дорад ва дар қонунгузории Қазоқистон то кунун моддаҳое мавҷуд буданд, ки барои терроризм ва ҷиноятҳои ҷангӣ ҳукми қатл пешбинӣ мекарданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо ба бекорсозии ҳукми қатл даъват карда буданд.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон моҳи декабри соли 2019 ба вазорати корҳои хориҷии кишвараш дастури шуруи пайвастан ба санади бекорсозии ҳукми қатлро дода буд.

Иттиҳоди Аврупо муносибатҳояшро бо Белорус бозбинӣ мекунад

Дар Иттиҳоди Аврупо изҳор доштанд, ки интихоботи президентии рӯзи 9 август дар Белорус на озод буд ва на мунсифона.

Иттиҳоди Аврупо натиҷаҳои тақаллубшудаи интихоботро эътироф намекунад ва ба ин далел, ёд кардани савганд аз сӯи Александр Лукашенкоро ба унвони президенти тозаинтихоби он кишвар номашруъ медонад. Дар ин робита, Иттиҳоди Аврупо муносибатҳояшро бо Белорус бозбинӣ хоҳад кард, хабар додааст Жозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ.

Савганд ёд кардани Лукашенко ба унвони бори дигар президент интихоб шудан хилофи иродаи аксарияти шаҳрвандони Белорус аст, ки бо нишони эътироз бештар аз як моҳ аст, ки ба кӯча мебароянд. "Мо аз ҷасорати мардуми белорус ба ваҷд омадаем, ки сарфи назар аз хушунати мақомот, ба таври осоишта аз ҳуқуқҳои асосии худ ҳимоят мекунанд", - омадааст дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо.

Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки Иттиҳод аз ҳуқуқи белорусиҳо барои интихоби президент худ тавассути интихоботи нави президентӣ ҳимоят мекунад.

Рӯзи чаҳоршанбе дар Кохи истиқлоли Белорус дар шаҳри Минск Лукашенко расман даври нави президентии худро оғоз кард. Аммо маросими ёд кардани савгандро мақомоти Белорус ба ҷомеа аз қабл хабар надоданд. Дар ин маросим мақомдорони давлатӣ, вакилон ва ходимони илму фарҳангу варзиш ширкат доштанд.

Светлана Тихановская, номзади пешин ба мақоми президентии Белорус савгандёдкунии пинҳонии Лукашенкоро "масхарабозӣ" унвон кард.

Дар Минск ва шаҳрҳои дигари Белорус зидди савгандёдкунии Лукашенко эътироз баргузор шуд. Зиёда аз 250 кас боздошт шуд ва пулис зидди эътирозгарон аз мошинҳои обпош истифода карданд.

Исроилу Фаронса барои мубориза бо вирус чораҳои сахттар андешиданд

Дар Исроил коронавирус рӯзона то 7 ҳазор нафарро бемор мекард.

Исроил ва Фаронса ду кишвари дигаре шуданд, ки барои роҳ надодан ба густариши бештари коронавируси нав маҳдудиятҳои наве ҷорӣ карданд. Дар Амрико гуфтанд, барои офаридани ваксина ба зидди бемории COVID-19 ба шитобкориву саҳлангорӣ роҳ намедиҳанд.

Бенямин Вебсайти хабарии YNet дар Исроил рӯзи 24-уми сентябр хабар дод, ки ҳукумати нахуствазир Бенямин Нетаняҳу қарор кард, муқаррароти манъу гаштугузор сахттар карда шавад. Нетаняҳу пештар аз ин гуфта буд, ки сар аз рӯзи 25-уми сентябр дар тамоми Исроил муқаррароти комили манъи гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодӣ эълон мешавад.

Баъд аз онки дар Исроил рӯзона то 7 ҳазор нафар ба COVID-19 гирифтор шуданд, ҳукумат гаштгугузор дар кишварро манъ кард. Дар Фаронса, ки коронавируси нав бо суръати бештар доман мезанад, ҳукумат рӯзи 23-уми сентябр фаъолияти ресторану варзишгоҳҳоро маҳдуд карданд.

Дар Амрико Энтони Фаучи, раиси Идораи назорат ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ гуфт, ки умедвор аст, то охири имсол ва ё аввали соли оянда ваксинаи коромаде ба зидди коронавируси нав офарида мешавад. Пеш аз эълони ӯ, ширкати Ҷонсон энд Ҷонсон эълон кард, ки баъди натиҷаҳои босамари озмоиши як ваксинаи ширкат дар ду марҳилаи аввал, марҳилаи саввум ва ниҳоии озмоишро оғоз мекунад.

Қазоқистон дар Самарқанд консулгарӣ боз мекунад

Регистони Самарқанд. Акс аз бойгонӣ.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 23 сентябр фармони боз кардани консулгарии генералии ин кишвар дар шаҳри Самарқанди Узбекистонро имзо кард.

Дар фармон гуфта шудааст, ки барои боз кардани консулгарӣ тамоми чораҳо андешида шавад.

Санаи боз шудани консулгарии генералии Қазоқистон дар Самарқанд гуфта намешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки то охири соли равон дар Самарқанд консулгарии генералии Туркия боз мешавад.

Макрон хост, як ҳайат зери сарпарастии СММ ба Шинҷон фиристода шавад

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар пайи нигарониҳо аз поймол шудани ҳуқуқи ақалиятҳои миллӣ, аз ҷумла уйғурҳо дар Чин даъват кард, ки зери сарпарастии СММ як ҳайат ташкил ва ба минтақаи Шинҷон фиристода шавад.

Ин даъвати Макрон ҳангоми суханрониаш дар Маҷмаи умумии СММ рӯзи сешанбе сурат гирифт. "Нигарониҳое, ки ҳамаи мо дар робита ба вазъи ақалиятҳои мусулмони уйғур дар Чин дорем, бояд ба назар гирифта шаванд",-изҳор дошт ӯ.

Бино ба хабарҳо, зиёда аз 1 миллион уйғур ва намояндагони ақалиятҳои дигари миллӣ дар минтақаи Шинҷони Чин дар "марказҳои бозтарбияи сиёсӣ" иҷборан нигаҳдорӣ мешаванд. Вале Пекин ин иддаоро рад карда, мегӯяд, онҳо "марказҳои бозомӯзӣ" ҳастанд, ки барои мубориза бо ифротгароӣ ташкил шудаанд.

Вашингтон ахиран фишорҳо ба Чинро ба далели муносибаташ бо уйғурҳои мусулмон сахттар кард.

Дар Минск эътирозгаронро бо мошинҳои обпош пароканда карданд

Тазоҳуроти мухолифон. Минск, Белорус, 23 сентябри соли 2020.

Пулиси шаҳри Минск барои пароканда кардани эътирозгарони зидди маросими савгандёдкунии президенти Белорус Александр Лукашенко аз мошинҳои обпош истифода кард.

Дертар шоҳидон гуфтанд, ки дар маркази пойтахти Белорус садои тир низ шунида шуд. Боздошти бераҳмонаи иштирокчиёни эътирози бидуни иҷозат низ сурат гирифтааст. Баъди ҳозир шудани нерӯҳои иловагӣ ба маҳалли тазоҳурот чандин бор оташ кушода шудааст. Ба иттилои хабаргузории "Интерфакс", маъмурон ба осмон оташ кушодаанд.

Кормандони мақомоти қудратии Белорус шоми чоршанбе эътирозгаронро аз назди Осорхонаи Ҷанги бузурги ватанӣ дур мекарданд ва чандин нафарро ҳам дастгир намудаанд. Дар бораи осебдидаҳо низ хабар дода мешавад.

Дирӯз расонаҳои Белорус хабар доданд, ки дар шаҳри Минск маросими адои савганди Александр Лукашенко ба даври нави президентӣ махфиёна барпо шуд.

Ба ин маросим мақомдорони давлатӣ, аз ҷумла вакилони порлумон, роҳбарони мақомоти давлатӣ, роҳбарони расонаҳои давлатӣ, ходимони илм, фарҳанг ва варзиш даъват шуда буданд.

Лукашенко дар интихоботи президентии рӯзи 9 август баранда эълом шуд. Мухолифони Белорус аз натиҷаҳои интихобот розӣ нестанд ва аз як моҳ ба ин тараф эътироз доранд. Мухолифон мегӯянд, натиҷаҳои интихоботро тақаллуб карданд.

Додгоҳи Қирғизистон 300 ҳазор сом ҷуброни "Азия Нюс" ба як вазирро қонунӣ номид

Бинои Додгоҳи олии Қирғизистон.

Додгоҳи олии Қирғизистон 23 сентябр шикояти нашрияи "Азия Нюс"-ро аз болои ҳукми додгоҳи шаҳрии Бишкек баррасӣ карда, онро бетағйир гузошт.

Дар ин бора фаъоли маданӣ Одил Турдуқулов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Додгоҳи олии Қирғизистон низ нашрияро вазифадор кард, ки ба вазири умури дохилии ин кишвар Кашкар Ҷунушалиев 300 ҳазор сом (беш аз 3780 доллар) ҷуброн пардозад.

Ин қарорро моҳи феврали соли равон додгоҳи шаҳрии Бишкек содир карда буд, вале масъулони нашрия ба он изҳори норозигӣ карда, ба Додгоҳи олии Қирғизистон, ки охирин зинаи шикояти додгоҳӣ аст, муроҷиат карданд.

Кашкар Ҷунушалиев нашрияи "Азия-Нюс"-ро барои матлабҳое, ки аз 25 апрел то 16 майи соли 2019 нашр шуда буданд, ба додгоҳ кашида буд. Ба гуфтаи вазир, "нашри иттилои носаҳеҳ ва коллаж (акси дасткоришуда)" шаъну шарафи ӯро паст задаанд.

Дар акси яке аз матлабҳо сари вазир ба бадани муш часпонида ва дар сарлавҳа навишта шуда буд, ки "Оё Кашкар каламуш аст?".

Додгоҳи ноҳияи Октябри пойтахти Қирғизистон моҳи декабри соли гузашта даъвои Ҷунушалиевро қисман қонеъ ва нашрияро ба пардохти 1 миллион сом вазифадор кард. Вале расона аз он ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят бурд.

Шумораи расмии қурбониёни COVID-19 дар Тоҷикистон ба 74 нафар расид

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави талафот аз COVID-19 ва, инчунин, шумори беморону қурбониёнро аз коронавируси нав эълон карданд.

Вазорат рӯзи 23-юми сентябр гуфт, дар шабонарӯзи ахир марги як нафар аз бемории ҳамагир тасдиқ шудааст. Бо ин, шумори умумии ҷонбохтагон аз коронавируси нав ба 74 нафар расид.

Ба иттилои расмӣ, дар шабонарӯзи гузашта 43 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ шудааст. Аз охири моҳи апрел то ин дам 9475 нафар бемор шуда, 8244 кас шифо ёфтаанд. Айни замон 108 нафар зери назорати пизишкон будаанд.

Бисёре аз мутахассисон мегӯянд, омори расмии мақомот миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад ва теъдоди беморону фавтидагон бештар аз он аст, ки вазорати тандурустӣ мегӯяд.

Муассисаҳои байналмилалӣ мегӯянд, заъфи мақомоти тандурустӣ дар озмоиши васеъ аз беморӣ метавонад, як сабаби кам будани омори гирифторону талафот бошад.

Аз қатли Искандари Хатлонӣ 20 сол гузашт. ВИДЕО, АКС

Искандари Хатлонӣ

Аз замони қатли Искандари Хатлонӣ, шоир ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, бист сол гузашт.

Ӯро 21-уми сентябри соли 2000 дар хонааш дар шаҳри Маскав ба қатл расонданд, вале то кунун касе барои куштани шоири тозагӯ ва хабарнигоре хушқалам, ки барои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ва пеш аз он барои бахши форсии Би-би-сӣ гузориш медод, муҷозот нашудааст.

Искандари Хатлонӣ (Искандар Идиев) зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аст. Ӯ 12-уми октябри соли 1954 дар хонаводаи муаллим ба дунё омада, баъд аз хатми мактаби миёна таҳсилро дар Техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе давом дод.

Аммо меҳру муҳаббат ба фарҳангу адаб ва шеъру шоирӣ, ӯро ба Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав бурд ва ин амр таҳаввулоте дар ҳаёти минбаъдаи ӯ ворид кард. Шеърҳои нахустини вай ҳанӯз дар айёми мактабхонӣ дар охири даҳаи 1960 ва аввалҳои даҳаи 1970 дар матбуоти шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии Тоҷикистон чоп шудааст.

Бо он ки саҳми Искандари Хатлонӣ дар таҳия ва тарҷумаи осори шоирону нависандагони тоҷик дар Маскав муҳим дониста мешавад, ҳамзамон баргузории маҳфилҳо ва шабнишиниҳои адибони тоҷик бо ташаббусси вай сурат гирифтааст. Бахусус, маҳфили ёдбуди шодравон Лоиқ Шералӣ - шоири саршиноси тоҷик дар Маскав дар 11-уми августи соли 2000 охирин иқдоми Искандари Хатлонӣ қабл аз маргаш буд.

Аз Искандари Хатлонӣ чанд маҷмӯаи шеърӣ, назири «Парвоз» (1981), «Шукуфа» (1986), «Садои пои вожаҳо» (1988) ва «Кушоиш» рӯи чоп омадааст. Аммо Искандар шеърҳои дигаре низ гуфтааст, ки то ба ҳол дар як маҷмӯа гирдоварӣ нашудаанд. Алишер Идизода, бародари Искандар, ду сол пеш маҷмӯаи нав, ки ашъори ӯро аз овони мактабхонӣ то лаҳзаи маргаш дар бар мегирад, таҳия карда ва дар нашриёти «Адиб» чоп намуд.

Модари Искандари Хатлонӣ: "Хуршеди ховар ояд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00

Аксҳои бештар аз Искандари Хатлонӣ:

Ҷузъиёти фирори ду шаҳрванди Тоҷикистон аз зиндоне дар Доғистони Русия

Мақомоти Доғистон гуфтанд, ки Шамил Бойматов аз Тоҷикистон ҳамроҳи панҷ нафари дигар аз зиндон гурехтааст

Вазорати корҳои дохилии Доғистон хабар дод, ки ду нафар аз зиндониёни фирорӣ аз маҳбаси мавзеи Шамхали шаҳри Махачқалъа шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Аз онҳо Шамил Бойматов ва Маҳмадрасул Машрабов ном бурда мешавад.

Бойматов зодаи ноҳияи Ёвон ба 12 соли зиндон ва Машрабов ба 8 соли зиндон маҳкум шудаанд. Бино ба маълумотномаи нашкардаи мақомоти милисаи Доғистон, Бойматов ба кочоқи маводи мухаддир ва Машрабов ба омодагӣ ба ҷиноят ё қасди содир кардани ҷиноят гунаҳкор шудаанд. Ҳамроҳи онҳо чаҳор шаҳрванди Доғистон низ аз маҳбас гурехтаанд.

Дар сомонаи расмии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ дар Доғистон омадааст: "Соати 23:40-и шаби 22-юми сентябр ҳангоми тафтиши пайраҳаи назаротии зиндон дар он заминкан (нақби дастисохт) ошкор шуд. Дар натиҷаи шумориши зидониён маълум шуд, ки 6 нафар нестанд."

Айни замон мақомоти Русия амалиёти ҷустуҷӯи зиндониёни фирориро шуруъ кардаанд.

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ дар Доғиистон рӯзи 23-юми сентябр бо нашри изҳорот гуфт, Бойматов Шамил Раҷабалиевич 30-сола аст ва моҳи декабри соли 2016 боздошт шудааст.

Тибқи омори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Русия ё ФСИН дар ин кишвар то оғози соли 2020 беш аз 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҷазо мекарданд. Аз миёни шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Русия дар зиндон афтодаанд, шумораи тоҷикон аз ҳама зиёд аст.

HRW беамалии ҳукумати Туркманистонро дар давраи пандемия интиқод кард

15-уми сентябр, дар як бонки Туркманистон

Созмонҳои Human Rights Watch ва гурӯҳи “Ташаббуси Туркманистон барои ҳуқуқи башар” гуфтанд, ки беамалии ҳукумати Туркманистон дар шароити поинравии иқтисод дар замони пандемияи COVID-19 бӯҳрони аз он пеш вуҷуддоштаи дастрасӣ ба ғизоро боз ҳам сангинтар кардааст. Дар ин ҷумҳурӣ болоравии якбораи қимати ғизову коҳиши захираҳо мушоҳида мешавад ва вазъ дар қиёс бо соли 2016 вазнинтар мебошад. То ҳол ҳукумати саркӯбгари Туркманистон вуҷуди коронавирусро дар кишвар рад карда аз таъмини гурӯҳҳои ниёзманд бо кӯмаку захираҳо худдорӣ мекунад. Ба навиштаи ин ду гурӯҳи ҳомии ҳуқуқ, дар давраи пандемия мизони бекорӣ ҳам шадидан боло рафтааст. Дар гузориши вижаи ин ду созмон дар таърихи 23-юми сентябр омадааст, ки набуди стратегияи ёрии иқтисодиву иҷтимоӣ ба мардум дар давраи пандемия ба маънои аз ҷониби ҳукумат иҷро нашудани ӯҳдадориҳои ҳукумат барои таъмини мардум бо зиндагии шоиставу ҳуқуқ ба ғизо мебошад. Дар ин гузориш аз забони мардуми оддӣ навишта шудааст, ки дар пасманзари камбуди ғизо нархҳо боло рафта қашшоқӣ ҳам афзоиш ёфтааст.

Саудӣ сафар барои Ҳаҷҷи умраро иҷоза медиҳад

Ҳукумати Арабистони Саудӣ аз ҳафтаи аввали моҳи октябр марҳила ба марҳила сафар барои ҳаҷҷи умра ва зиёрати масҷиди паёмбарро иҷоза медиҳад. Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ дар моҳи марти соли равон ба хотири мубориза бо коронавирус сафари зоирони дохилӣ ва хориҷӣ ба ҷойҳои муқаддасро маҳдуд карда буд.

Хабаргузории расмии Саудӣ рӯзи 22 сентябр аз қавли як манбаъ дар Вазорати умури дохилии он кишвар эълон кард, ки бино ба пешниҳоди мақомоти зидахли мубориза бо пандемияи фарогир ва дар посух ба дархости бисёре аз мусалмонон барои адои ҳаҷҷи умра, ин маросим бо риояи тадбирҳои беҳдоштӣ иҷоза дода мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, иҷозаи адои ҳаҷҷи умра ва ворид шудан ба Масҷид Ал-Ҳаром ва зиёрати Масҷиди навабӣ дар чаҳор марҳила сурат мегирад.

Дар марҳилаи аввал ба шаҳрвандони худи Саудӣ ва афроди муқим дар дохили ин кишвар барои адои умра аз 4-уми октябр ва он ҳам 6 ҳазор нафар дар як рӯз дар Масҷид Ал-Ҳаром иҷоза дода мешаванд. Дар марҳилаи дувум иҷозаи умра, зиёрат ва намоз хондан ба шаҳрвандон ва афроди муқими дохили Саудӣ (15 ҳазор умракунанда ва 40 ҳазор намозгузор дар як рӯз) аз 18 октябр иҷоза дода хоҳад шуд.

Дар марҳилаи савум ба шаҳрвандони Саудӣ ва хориҷӣ (20 ҳазор умракунанда ва 60 ҳазор намозгузор дар як рӯз) аз 1-уми ноябр бо риояти чораҳои беҳдоштӣ иҷоза дода мешавад.

Дар марҳилаи ахир иҷозаи адои Ҳаҷҷи умра ва намозгузорӣ барои шаҳрвандон ва афроди муқими ин кишвар ва хориҷ ба мизони 100 дарсад ҳар вақте, ки мутахассисон поён ёфтани хатари поён ёфтани пандемияро эълом кунанд, иҷоза дода мешавад

Ҳукумат аз онҳое, ки барои адои ҳаҷҷи умра сафар мекунанд, хостааст, ки ниқоби муҳофизатӣ ба бар кунанд ва фосилаи иҷтимоиро риоя намоянд.

Аз сӯе мақомоти Вазорати ҳаҷҷ ва умраи Арабистони Саудӣ гуфтаанд, ки вуруди зоирон ва намозгузорон аз тариқи сабтином дар нармафзори "Иътамарно" сурат мегирад. Ин тарҳ аллакай аз рӯзи 27-ум сентябр дастрас хоҳад буд.

Омори давлатӣ нишон медиҳад, ки даромади солонаи Арабистони Саудӣ аз маросими ҳаҷҷи фарзӣ ва ҳаҷҷи умра 12 миллиард доллар аст.

Ҳар сол ҳудуди 2,5 миллион мусалмон аз беш аз 180 кишвари ҷаҳон барои адои ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Аз Тоҷикистон ҳам солона ҳазорон нафар барои адои Ҳаҷҷи умра сафар мекунанд.

Рӯҳонӣ: «Амрико на метавонад музокираро бар мо таҳмил кунад ва на ҷангро”

22-юми сентябр. Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар Маҷмаи кулли СММ тавассути видео-паём суханронӣ мекунад

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар Маҷмааи кулли СММ рӯзи 22-юми сентябр гуфт, ки Эрон “абзори чоназании дохилӣ ва интихоботии Амрико нест”. Ӯ гуфт, «Амрико на метавонад музокираро бар мо таҳмил кунад ва на ҷангро”. Рӯзи 21-уми сентябр ИМА гуфт, ки алайҳи вазорати дифоъ ва дигар сохторҳои дастдошта дар барномаи силоҳҳои ҳастаии Эрон таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад. Рӯҳонӣ гуфт, “зиндагӣ бо таҳрим сахт аст, аммо сахттар аз он зиндагӣ бидуни истиқлол аст”. Ҳафтае пеш дар посух ба изҳороти Трамп дар бораи он ки ҳама гуна ҳамлаи Эрон бо посухи аз он сангинтар рӯбарӯ мешавад, Теҳрон Вашингтонро аз роҳ додан ба “хатои стратегӣ” ҳушдор дод. Ин раддубадалҳо баъди он буд, ки бар асоси бархе хабарҳои нашршуда, Эрон гӯё дар андешаи посух додан ба қатли генерал Қосим Сулаймонӣ, раҳбари нирӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ мебошад. Рӯҳонӣ рӯзи 22-юми сентябр гуфт, ки ҳама гуна маъмурияти ИМА роҳи дигаре ба ҷуз “тан додан ба истодагарии миллати Эрон” нахоҳад дошт. Трамп соли 2018 аз созиши ҳастаӣ бо Эрон, ки се сол пеш аз он аз ҷониби маъмурияти Барак Обама имзо шуда буд, хориҷ шуд ва нисбати Эрон таҳримҳои нав ҷорӣ кард.

Пеш аз интихоботи ИМА вакилон буҷаи муваққатии ҳукуматро қабул карданд

Ненси Пелосӣ, раиси Маҷлиси намояндагони ИМА

Маҷлиси намояндагони ИМА рӯзи 22-юми сентябр буҷаи муваққатии ҳукуматро тасдиқ кард, то ки шаш ҳафта пеш аз интихоботи президентии кишвар ҳукумат дар ҳолати масдудшуда боқӣ намонад. Баъди мувофиқаи демократҳо бо Кохи Сафед ва вакилони ҷумҳурихоҳ овоздиҳӣ барпо шуд ва буҷа бо раъйи орои 359 овоз ва мухолифати 57 нафар қабул шуд. Раиси маҷлис Ненси Пелосӣ дар як изҳороте гуфт, ки тибқи мувофиқа бо вазири молия Стивен Мнучин, ҳамакнун аз масдуд шудани ҳукумат дар остонаи интихобот ва дар марҳилаи хатми соли молӣ пешгирӣ мешавад. Акнун бояд бо матни ин санад Сенат мувофиқат карда президент Доналд Трамп ҳам имзои худро гузорад. Буҷаи нав иловатан 8 миллиард долларо пешбинӣ мекунад ва ин маблағҳо барои таъмини кӯдакон бо ғизое бо қимати паст ва имтиёз ба кишоварзон равона хоҳанд шуд.

Маросими пинҳонии савгандёдкунии президент Лукашенко дар Минск

Президент Александр Лукашенко

Дар шаҳри Минск ғайримунтазира маросими шашуми савгандёдкунии президент Александр Лукашенко баргузор шуд, дар ҳоле, ки дар Беларус эътирозҳо аз тақаллуб шудани натиҷаҳои интихобот хотима наёфтаанд. Хабаргузории давлатии БелТА гузориш дод, ки дар маросими савгандёдкунӣ “чандсад мақомдори баландпоя” даъват шуданд. Омори воқеӣ маълум нест. БелТА навишт, ки Лукашенко дасти росташро болои конститутсияи Беларус гузошта қасам ёд карду зераш имзо гузошт. Дар идомаи хабар омадааст, ки баъди ин раиси комиссиюни интихоботии Беларус ба дасти ӯ шаҳодатномаи президенти кишварро тақдим кард.

Ин дар ҳолест, ки Лукашенко баъди 26 соли раҳбариаш дар муқобили як эътирози бесобиқаи мардумӣ қарор дорад. Ин нафарон ва ҳам мухолифин баъди интихоботи 9-уми август намоишҳои эътирозӣ барпо мекунанд ва аз Лукашенко тақозо доранд, ки аз мақом истеъфо бидиҳад ва дар кишвар интихоботи озоду одилонаи нав барпо шавад. Президенти 66-сола ба эътирозгарон бо боздошту ҳабс ва хушунат посух дод, бисёр эътирозгарон шиканҷа шуданд. Раҳбари мухолифон Светлана Тихановская ҳушдор дод, ки ҳама гуна талоши барпо кардани маросими савгандёдкунӣ “ғайриқонунӣ” хоҳад буд.

Абдулло: Бархе Толибони озодшуда аз зиндон дубора даст ба хушунат мезананд

12 сентябр, пойтахти Қатар шаҳри Давҳа. Д-р Абдулло дар рӯзи аввали музокироти сулҳ бо Толибон.

Раҳбари гурӯҳи музокиротии ҳукумати Афғонистон гуфт, шуморе аз Толибон, ки дар чаҳорчӯби музокироти сулҳ аз зиндонҳо озод шуданд, дубора ба майдони ҷанг баргаштанд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолеҳаи миллии Афғонистон гуфт, ки ҷараёни музокира бо Толибон дар Қатар аз замони оғозаш дар таърихи 12-уми сентябр хуб мегузарад, ҳарчанд, тибқи гузоришҳо, ҳарду ҷониб аз дастёбӣ ба созиш ҳанӯз дур ҳастанд. Вале, ба гуфтаи Абдулло, аз миёни 5 ҳазор Толибони зиндонӣ, ки дар чаҳорчӯби музокироти сулҳ озод шуданд, бархе дубора ба майдони ҷанг баргашта зидди ҳукумат меҷанганданд. Абдулло дар ҷараёни конфронси онлайнии Шӯрои равобити хориҷии ИМА рӯзи 22-юми сентябр гуфт, ки бархе аз Толибони озодшуда ба майдони ҷанг баргаштанд ва ин бо қарордоди сулҳ дар ихтилоф аст.

Бо вуҷуди идомаи музокироти сулҳ, мизони хушунат дар Афғонистон кам намешавад ва Абдулло аз ИМА ба унвони ҷонибе, ки ташаббуси сулҳ бо Толибонро рӯи даст дорад ва Покистон, ба унвони кишваре, ки эҳтимолан бо ин ҷангҷӯён дар иртибот аст, хост, ки онҳоро ба оташбас водор бикунанд. Абдулло гуфт, ки барои аввалин бор аз соли 2008 ният дорад базудӣ ба Покистон сафар кунад.

Дар ИМА шумори фавтидаҳо бар асари COVID-19 аз 200 ҳазор нафар гузашт

Қаламҳои тозаву истифодашудаи ситоди Байден

Дар ИМА шумори фавтидаҳо бар асари коронавирус аз хатти рекордии нави 200 ҳазор нафар гузашт. Дар миёни кишварҳои дигари шадидан осебдида аз вируси нав Мексика ва Бразилия ҳам ёд мешаванд. Ҷенифер Нуззо, як муҳаққиқи донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс ин оморро “ғайриқобили дарк” номид, дар ҳоле, ки сироятшиноси аршади ҳукуматӣ Энтони Фаучи гуфт, ки ин омор “ҳушёркунанда” аст. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар ИМА тахминан 800 нафар бар асари коронавирус ҷон медиҳанд. Ин омор назар ба миёнаҳои апрел, ки рӯзона тахминан 2800 нафар буд, камтар аст, вале боз ҳам вазъ нигаронкунанда мемонад. Мавзӯи коронавирус ба масъалаи аслии пешазинтихоботии амрикоиҳо табдил шудааст. Президент Доналд Трамп гуфт, ки то ба ин ҳад расидани омори марги инсонҳо бар асари вируси нав “шармандагӣ” ва “даҳшат” аст. Айни замон ӯ тахмин кард, ки мизони марг метавонист аз ин ҳам бадтар шаад. Ҷо Байден, рақиби демократи Трамп дар интихобот гуфт, ки ин омор “такондиҳанда” аст “чунин талафот ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд”.

Навалний аз беморхона рухсат шуд

19 сентябр, беморхонаи "Шарите"

Мунаққиди Кремл Алексей Навалний аз беморхонаи Олмон рухсат шуд. Ӯ баъди як заҳролудшавӣ дар парвози ҳавопаймое дар Сибир моҳи август ба Олмон барои муолиҷа бурда шуд ва давоми 32 рӯз таҳти муроқибати тиббии табибон қарор дошт. Мақомоти Олмон гуфтанд, ки натиҷаҳои санҷиши тестҳо дар Олмон, Фаронса ва Шведсия муайян кард, ки Навалний аз заҳри навъи “Новичок” заҳролуд шудааст.

Ғарб аз Русия шарҳи ин қазияро тақозо кард, вале Маскав гуфт, ки бино ба нокофӣ будани далелҳо ин ҳодиса тафтиш намешавад. Кремлин ҳама гуна дахолаташ ба ин қазияро ҳам рад кардааст. Дар изҳороти расмии беморхонаи “Шарите”-и Берлин рӯзи 23-юми сентябр гуфта шуд, ки “саломатии бемор ба таври қобили мулоҳиза беҳтар шудааст ва ӯ метавонад аз беморхона озод шавад”. Табибони олмонӣ навиштанд, ки имкони барқарории пурраи саломатии ӯ вуҷуд дорад, вале ҳанӯз барвақт аст, ки дар бораи оқибатҳои дарозмуддати ин заҳролудшавӣ сӯҳбат шавад. Навалний 32 рӯз дар беморхонаи Берлин буд ва аз ин мӯҳлат 24 рӯзашро дар утоқи муроқибати вижа пуштисар кард.

Узбекистон мехоҳад, ваксинаи русии зидди коронавирусро озмояд

Мақомоти Узбекистон мехоҳанд, ваксинаи русии зидди COVID-19 озмоянд. Дар ин бора мақомоти беҳдоштии Русия рӯзи 21 сентябр хабар доданд.

Ба иттилои "Роспотребнадзор", як ниҳоди беҳдоштии Русия, ахиран мақомоти тандурустии Узбекистон бо ҳамтоёни руси худ масъалаи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ва сохтани ваксинаи зидди ин вирусро баррасӣ кардаанд.

Ҷониби Узбекистон барои озмоиши ваксинаи истеҳсолии Русия изҳори омодагӣ кардааст.

Русия 11 август эълом дошт, ки нахустин шуда дар ҷаҳон ваксинаи зидди коронавирусро сохтааст. Кишварҳои ғарбӣ ба ин иддаои Русия шубҳа доранд.

Трамп дар СММ хост, Чинро барои коронавирус ба ҷавобгарӣ бикашанд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.

Президенти ИМА Доналд Трамп ҳангоми суханронӣ дар 75-умин Маҷмаи умумии СММ Чинро ба паҳн кардани коронавирус ва риоя накардани созишномаҳои байналмилалӣ айбдор кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, Амрико терроризми байналмилалиро шикаст медиҳад.

Трамп бори дигар коронавирусро "вируси чинӣ" номид. Вай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки Чинро барои паҳн кардани ин вабо ба ҷавобгарӣ бикашанд. Ба гуфтаи ӯ, Чин дар рӯзҳои аввали паҳн шудани беморӣ аз бастани марзҳои худ даст кашида, иҷозат дод, ки он паҳн шавад.

Намояндаи Чин, ки пас аз президенти ИМА суханронӣ кард, тамоми ин айбҳоро "комилан беасос" номид.

Президент Трамп ҳамчунин Созмони ҷаҳонии тандурустиро (СҶТ) дар бесалоҳиятӣ айбдор карда, гуфт, он ба нафъи Чин кор мекунад. СҶТ гӯё аз аввал аҳамияти коронавирусро кам нишон дода, дар бораи он маълумоти нодуруст пешниҳод кардааст. ИМА баҳори соли 2020 аз созмон хориҷ шуда, гуфт, сармоягузории онро қатъ мекунад.

Трамп хабар дод, ки се ваксинаи амрикоӣ аллакай дар марҳалаи озмоиши клиникӣ қарор доранд ва рӯзҳои наздик ба фурӯш мебароянд. Вале санаи дақиқеро ном нагирифт.

Ӯ Чинро ба нодида гирифтани созишномаи байналмилалии иқлими Порис низ айбдор карда, гуфт, ҳаҷми партовҳои ин кишвар ба обу ҳаво афзоиш ёфтааст.

Дар марзи Русия бо Қазоқистон 3200 муҳоҷири қирғиз дармондааст

Муҳоҷирон аз Осиёи Миёна дар марзи Русия бо Қазоқистон.

Ҳудуди 3200 муҳоҷири корӣ аз Қирғизистон ҳамоно дар марзи Русия бо Қазоқистон дармонда, наметавонанд ба ватан баргарданд.

Ба огаҳии сафорати Қирғизистон дар Русия, гуфтугӯҳо барои ташкили убур тавассути Қазоқистон идома доранд.

Бо мақомоти вилояти Оренбург ва ҷумҳурии Бошқирдистон низ барои кӯмак ба қирғизистониҳо гуфтугӯҳо анҷом мешаванд. Дар ҳоли ҳозир онҳо дар хаймаҳое зиндагӣ доранд, ки ҷониби Русия ташкил кардааст.

Дар сафорати Қирғизистон гуфтанд, ҷониби Қазоқистон феълан барои кушодани марз розӣ нашудааст ва бинобар ин, аз муҳоҷирон даъват мешавад, ки ба марзи Русия бо он кишвар нараванд.

Раҳмон дар СММ гуфт, эҳтимол дорад иқтисодиёти Тоҷикистон имсол $2 млрд зарар бинад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар 75-умин нишасти солонаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки соли равон зарари умумӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон метавонад зиёда аз 2 миллиард долларро ташкил диҳад ва дар оянда ҳам афзоиш ёбад.

Нишасти Маҷмаи Умумии СММ бинобар пандемияи фарогири КОВИД-19 имсол ба таври маҷозӣ ё онлайнӣ баргузор мешавад ва сарони кишварҳо ба таври видеоӣ дар ин ҳамоиш суханронӣ мекунанд.

Дар матни суханронии Эмомалӣ Раҳмон, ки расонаҳои давлатӣ онро нашр карданд, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бештар сари пайомадҳои пандемияи фарогири COVID-19, мубориза бо терроризм ва экстремизм ва вазъи амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон суҳбат карда, аз таҳдидҳое ном бурдааст, ки барои муқобила бо онҳо кишварҳои дунё ба таҳким бахшидани муносибатҳои бисёрҷониба ё мултилатерализм ниёз доранд. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистонро аз лиҳози сиёсӣ пойбанди Русия ва иқтисодӣ вобастаи Чин меноманд. Ахиран Душанбе аз Пекин дархост кардааст, шароити қарзҳояшро ба Тоҷикистон дар шароити ҳамагири COVID-19 сабуктар кунад.

Ба гуфтаи оқои Раҳмон, пандемия ба сармоягузории хориҷӣ, тиҷорат, сайёҳӣ ва ба вижа фаъолиятҳои нақлиётӣ таъсир расонда, боиси паст рафтани тамоми соҳаҳои иқтисод шудааст. Президент Раҳмон гуфтааст, ки чунин ҳолат дар баробари рушди Тоҷикистон душвориҳои зиёди бесобиқаро ба бор меорад. Дар ин замина коҳиши 40 дарсадии пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия ҷудогона зикр наёфт. Мақомоти Тоҷикистон одатан саҳми маблағҳои мефиристодаи муҳоҷирони кориро дар чархиши иқтисоди ин кишвар қоил нестанд.

Оқои Раҳмон дар бахше дигар аз суханрониаш ба ҳамкорӣ бо ниҳодҳои СММ таъкид карда ва гуфтааст, ки ният доранд номзадии Тоҷикистонро ба узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти Созмон барои солҳои 2028-2029 пешбарӣ намоянд.

Нигаронии раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз пайомадҳои пандемияи фарогир ба иқтисодиёти кишвараш дар ҳоле аст, ки аз моҳи март ба ин тараф парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистон қатъ шуда, арсаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, ки як бахши пурдаромади иқтисод ба шумор мераванд, тақрибан аз даромад бозмондааст.

Помпео: Амрико ба заҳролудсозии Навалний посухи "ҳамвазн" медиҳад

Майк Помпео

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, мавқеи Вашингтонро дар баробари заҳролудсозии мухолифи ҳукумати Русия Александр Навалний дар мусоҳиба бо расонаҳои олмонӣ шарҳ дод.

Ба гуфтаи Помпео, танқиди Амрико барои вокуниш нишон надодан ба қазияи Навалний беасос аст. Зеро Вашингтон ба ин назар аст, ки истифодаи силоҳи кимиёӣ ғайримумкин аст. Дар ин робита Помпео аз вокуниши Иёлоти Муттаҳида ба заҳролудсозии Сергей Скрипал ва духатарш Юлия дар моҳи марти соли 2018 дар Бритониё ёдовар шуд.

Помпео афзуд, ба маҳзи ба даст овардани ҳамаи далелҳо ИМА вокуниши ҳамвазн нишон хоҳад дод.

Вай гуфт, Вашингтон дар қазияи Навалний мунтазири хулосаи ташхиси Созмони силоҳҳои мамнӯи кимиёӣ аст. "Амрико ҳамзамон аз Русия интизори тафтиши заҳролудсозии Навалнийро дорад", -- гуфт Помпео.

Вай бори дигар аз сохтмони лӯлаи "Ҷараёни шимол-2" интиқод кард. "Мо умедворем, ки ин сохтмон ба охир намерасад", - афзуд Помпео. Ба гуфтаи вай, Амрико дар садад аст, ки барои пешгирӣ аз сохтмони лӯла эътилофе ташкил диҳад. "Мо умедворем, ки ҳукумати Олмон ҳам ба ин мавқеъ мегарояд. Фарқе надорад, ки ин гароиш ба заҳролудсозии Навалний рабт хоҳад дошт ва ё ба оқибатҳои вобастагӣ аз гази Русия", - гуфт котиби давлатии ИМА.

Навалний рӯзи 20-уми август ногаҳон худро бад ҳис кард ва баъди ду рӯз бо дархости ҳамсараш барои муолиҷа ба Олмон интиқол дода шуд. Мутахассисони олмонӣ гуфтанд, ки сиёсатмадори 44-сола ва як муборизи зидди фасод бо “Новичок”, ки ба гурӯҳи заҳрҳои низомӣ шомил мешавад, заҳролуд шудааст. Баъди ин ҳодиса бисёр кишварҳо аз Русия тақозо карданд, ки таҳқиқи мустақилонаи ин қазияро ба роҳ монад.

Русия гуфт, ки бо сабаби набуди далели қотеи заҳролудшавии Навалний парвандаи ҷиноӣ боз намешавад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG