Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев дар зодрӯзи худ иди миллӣ таъсис дод


Тибқи хабарҳои матбуоти Қазоқистон, президенти ин кишвар, Нурсултон Назарбоев, таҳти унвони Рӯзи Остона -- пойтахти Қазоқистон, иди нави умумимиллие таъсис дод, ки ба зодрӯзи худи ӯ дуруст меояд. Ба фармони вай, ҳар сол рӯзи 6-уми июл ҳамчун рӯзи кӯчидани пойтахти Қазоқистон аз Алмато ба Остона дар соли 1997 ҷашн гирифта хоҳад шуд. Аъзои порлумони Қазоқистон пештар хостанд, номи пойтахти навро аз "Остона" ба "Нурсултон" иваз кунанд, вале президент аз ин кӯшиш ҳимоят накард.
XS
SM
MD
LG