Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Олмон аз Гурҷистон


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки Олмон нигарониҳои Гурҷистонро роҷеъ ба амалкарди Русия дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон дарк мекунад. Дар пайи мулоқоташ бо раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ дар Берлин, Меркел гуфт, Олмон омода аст дар вазъи баамаломада дар миёни Гурҷистон ва Русияву Абхозистон миёнҷигӣ кунад ва ҳама ҷонибҳоро ба оромӣ даъват кард. Саакашвилӣ гуфт, ки вай хоҳони ҳамкорӣ бо Русия мебошад.
XS
SM
MD
LG