Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди тоҷикҳову қазоқҳо дар Маскав


Сомонаи интернетии Фергана.ру бо такя ба хабаргузориҳои русӣ иттило медиҳад, ки дирӯз шом дар Маскав задухӯрди шадиди гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистон рӯй додааст. Ин ҳодиса, мегӯяд сомона, дар самти шимолу ғарби Маскав, наздикии сохтмони 24-уми хиёбони Волоколамское рух дод. Дар дасти ширкатдорони ин задухӯрдҳо, ки шуморашон камтар аз 10 нафар гуфта мешавад, корд будааст. Дар натиҷа, як захмӣ ба касалхона интиқол дода шуда, ба нафари дигар дар ҷои ҳодиса кӯмаки тиббӣ расонидаанд. Ҳамаи ин нафарон мавриди боздошти полис қарор гирифтаанд. Ҳанӯз сабаби ин моҷаро мушаххас нест.

XS
SM
MD
LG