Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Буш ва Толибонӣ


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш имрӯз дар Вашингтон ҳамтои ироқиаш Ҷалоли Толибониро ба ҳузур мепазирад. Кохи Сафед мегӯяд, ки ба эҳтимоли ғолиб мавзӯи меҳварии сӯҳбат тарҳи созишномаи ҳузури дарозмуддати низомии Амрико дар хоки Ироқ хоҳад буд. Ду кишвар қарордоди нави амниятиро баррасӣ доранд, ки заминаҳои ҳуқуқии истиқрори нирӯҳои амрикойӣ дар хоки Ироқро баъди анҷоми ваколатҳои СММ дар таърихи 31 декабр тарҳрезӣ мекунад. Инчунин дар ин нишаст қарордоди ҷудогонаи дигаре оид ба ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ ва иқтисодӣ баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG