Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи НАТО аз "Манас" мекӯчад?


Ҷорҷ Крол, ноиби ёвари вазири хориҷаи ИМА дар умури Осиёи Марказӣ, дар поёни сафараш аз сӯи мақомоти раҳбарии Қирғизистон ба ҳузур пазируфта шуд.

Ба иттилоъи манобеъи ғайрирасмии ин кишвар, дар дидор ва мулоқоте, ки Ҷорҷ Крол бо Игор Чудинов, нахуствазири Қирғизистон, анҷом дод, дар радифи масоили тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба, ҳузури нерӯҳои низомии Амрико дар пойгоҳи «Манас», ҳамчунин перомуни сафари дар пешистодаи президент Қурмонбек Боқиев ба ИМА низ табодули назар сурат гирифт.

Бино ба ин манобеъ ноиби ёвари вазири хориҷаи ИМ гуфтааст, ки кишвараш ҳаргиз масъалаи тавсеъаи пойгоҳи низомиаш дар Қирғизистонро матраҳ нахоҳад кард. Ин манобеъ аз қавли Ҷорҷ Крол меафзоянд, ки вай аз мақомоти Қирғизистон имконияти аз як ҷо ба ҷои дигар мунтақил сохтани пойгоҳи ҳавопаймоҳои низомии эътилофи зидди террорро дархост намуд.

Ба гуфтаи ноиби ёвари вазири хориҷаи ИМА, дар сурати интиқоли пойгоҳи ҳавопаймоҳои низомӣ аз майдони «Манас» ба ҷои дигар дар парвозу фурудомадани ҳавопаймоҳои мулкӣ ягон мушкилот пеш нахоҳад омад.

Ба навиштаи хабаргузории «24.кг», Игор Чудинов, нахуствазири Қирғизистон, дар муқобили ин дархости мақоми амрикоӣ гуфтааст, ки ҳалли ин мавзуъ машваратҳои дуҷонибаи коршиносони ИМА ва қирғизро тақозо хоҳад кард. Оқои Чудинов ба дунболи он таъкид кардааст, ки аммо ба ҳеҷ васила тавсеъаи пойгоҳи эътилофи зидди террор мавриди баррасӣ қарор дода нахоҳад шуд.

Дар мулоқоти Ҷорҷ Крол бо Эднан Қаробоев, вазири хориҷаи Қирғизистон, ҷонибҳо роҷеъ ба ширкати соҳибкорони қирғиз дар лоиҳаҳои густардаи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ сӯҳбат кардаанд. Дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Қирғизистон мегӯяд, ки Эднан Қаробоев ифтитоҳи консулгарии ин кишварро дар Ню Йорк матраҳ кард ва масъалаи либерализатсияи режими раводиди миёни Қирғизистону ИМА-ро ба миён гузошт.

Бино ба ин манбаъ, дар мулоқоти Қаробоев ва Крол ҳамчунин масъалаи ҳамкорӣ дар мавриди бозсозии Афғонистон ва таъмини амнияти минтақавӣ низ ба доираи баҳс кашида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷорҷ Крол, ноиби ёвари вазири хориҷаи ИМА, дар ҷараёни сафараш ба Бишкек бо намояндагони оппозисиюни қирғиз ва созмонҳои иҷтимоъӣ мулоқотҳо баргузор кард.

XS
SM
MD
LG