Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ хостори бунёди давлати Фаластин шуд


Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса, ки бо як сафари расмӣ дар Исроил ба сар мебарад, аз бунёди давлати мустақили Фаластин пуштибонӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, амнияти Исроил бо бунёди давлати Фаластин бастагӣ дорад. Саркозӣ худро “дӯсти Исроил” номид ва гуфт, Фаронса дар вазъе, ки арзи ҳастӣ ва амнияти Исроил матраҳ хоҳад буд, аз ин кишвар пуштибонӣ хоҳад кард.

Николя Саркозӣ имрӯз бо мақомоти Исроил музокирот анҷом дода ҳамчунин дар порлумони Исроил суханронӣ мекунад. Қарор аст, ки ӯ фардо дар Каронаи бохтарии руди Урдун бо раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG