Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудия хостори коҳиши нархи нафт аст


Подшоҳи Арабистони Саудӣ, Абдуллоҳ дар ҷаласаи фавқулодаи содиркунандагони асосии нафт гуфт, кишвараш судури нафтро 200 000 бушка дар шабонарӯз афзоиш хоҳад дод. Аммо афзуд, нархи баланди нафт дар бозори ҷаҳонӣ натиҷаи қаллобӣ ва молиёти гарон аст. Абдуллоҳ гуфт, кишвараш сар аз оғози моҳи июл 9,7 миллион бушка нафт дар шабонарӯз содир хоҳад кард ва то поёни сол ин сатҳро нигоҳ хоҳад дошт. Вай инчунин хабар дод, ки барои кӯмак ба кишварҳои камбизоат дар баробари нархи гарони нафт як бунёде иборат аз 1 миллиард доллар таъсис меёбад. Аммо дар миёни кишварҳои содиркунандаи нафт, ки дар ин ҷаласа ҳузур доштанд, дар масъалаи бархӯрд бо нархи он дар бозори ҷаҳонӣ тафовутҳои амиқ ба мушоҳида расидааст.
XS
SM
MD
LG