Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиш дар гуфтушунидҳои таъмини амният дар Хоруғ


Дар гуфтушуниди вазири умури дохилии Тоҷикистон ва собиқ фармондеҳои аршади иттиҳоди мухолифин дар Бадахшон тавофуқе ҳосил шудааст, ки тибқи он дар вилоят халъи силоҳи гурӯҳҳои ғайримасъул шурӯъ мешавад. Яке аз фармондеҳони собиқ, Имомназар Имомназаров ба радиои Озодӣ гуфт, бо тазмини амният аз тарафи мақомоти кишвар аз пагоҳ халъи силоҳи ин гурӯҳҳо шурӯъ мешавад. Аммо намояндагони вазорати умури дохилӣ ва мақомоти маҳалли давлат дар Бадахшон аз шарҳи мавзӯъи мулоқоти вазир бо аҳолӣ худдорӣ карданд. Авзоъ дар Хоруғ имрӯз ором буд.
XS
SM
MD
LG