Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 сарбози хориҷӣ дар Қандаҳори Афғонистон


Ҳарбиёни эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон гуфтанд, бар асари инфиҷори як бомб дар вилояти Қандаҳор чаҳор сарбози ин нерӯҳо кушта ва ду тани дигар захмӣ шудаанд. Ин ҳодиса рӯзи панҷшанбе, дар ҳоле ба амал омад, ки нерӯҳои мазкур дар ноҳияи Арғандоб амалиёт пеш мебурданд. Миллияти ин сарбозон эълон нашудааст. Мақомоти афғон ва нерӯҳои эътилоф ин амалиёти комёбона арзёбӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG