Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли интихоботи зудҳангом дар Қазоқистон


Дар Қазоқистон имкон дорад интихоботи пеш аз вақти порлумонӣ баргузор гардад. Ин нуктаро мушовири раисҷумҳури ин кишвар, баён кардааст.

Намояндаи идораи раёсати ҷумҳурӣ Ёрмуҳаммад Ертисбоев ишора кардааст, ки чун Қазоқистон соли 2010 сарварии Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро бар дӯш мегирад, бояд дар кишвар баъзе ислоҳоти сиёсӣ роҳандозӣ гардад ва имкон дорад тирамоҳи соли 2009 интихоботи порлумонӣ доир карда шавад. «Мо ба Аврупо рафта бояд дар Қазоқистон чандандешии сиёсиеро , ки дар ниҳоди олии қонунгузории кишвар вуҷуд дорад, нишон диҳем», - гуфтааст намояндаи идораи раёсати ҷумҳурӣ.

Дар Қазоқистон баъди интихоботи соли гузашта порлумони як ҳизбӣ ташкил гардид ва ин вазъ аз ҳамон вақт на танҳо аҳли ҷомеъа, балки худи ҳокимиятро низ нороҳат сохтааст, зеро рӯшан аст, ки дар кишвари бисёрҳизба фаъолият доштани порлумони якҳизбӣ ҷавобгӯи талаботи демократия нест ва Қазоқистон бошад сарвари ин ниҳоди бонуфузи байнулмилалӣ мегардад.

Сиёсатшинос Дос Кошим, ки солҳои тӯлонӣ сарварии Шабакаи ҷумҳуриявии нозирони мустақилро бар дӯш дошт, низ ин нуктаро таъкид карда меафзояд, демократия ва порлумони якҳизбӣ бо ҳам ҷӯр намеоянд. Ва дар кишваре, ки худро ҷонибдори демократия медонад, порлумонаш бояд аз аҳзоби гуногун иборат бошад. Аз сӯи дигар, сиёсатшинос таъкид мекунад, бо ибтикори ҳокимият агар интихоботи пеш аз вақт баргузор гардад, он бори дигар нишон медиҳад, ки ҳокимият на интихобот, балки як намоишномаи наверо ба саҳна хоҳад гузошт ва бо ҳамин ду-се ҳизбро шомили порлумон карда нишон хоҳад дод, ки гӯё дар кишвар демократия ҳаст. Дар асл бошад, ин на демократия, балки як саҳнасозии демократия хоҳад шуд. Зеро, ба гуфтаи оқои Кошим, соли гузашта низ ҳокимият ва ҳизби пирӯзи ҳоким интихоботро демократӣ эълон карда буданд. Ин дар ҳоле буд, ки ҷомеъаи байнулмилалӣ он интихоботро дур аз талаботи демократия хонда буд.

Дар ҳар сурат, тавре Дос Кошим мегӯяд, алъон дар Қазоқистон тарҳи нави қонуни интихоботи кишварро омода карда истодаанд ва онро, имкон дорад, худи ҳамин сол порлумон қабул кунад. Тавре Ермуҳаммад Ертисбоев низ дар мусоҳибааш ҳадс задааст, дар назар аст, дар ин тарҳ садди 7 дарсадаи вуруди аҳзоб ба порлумонро то ба 4 дарсад поин кунанд. Ба гуфтаи Ертисбоев, имкон дорад, ҳатто дар ҳолати садди 4 дарсадаро сипарӣ карда натавонистани аҳзоб, он ҳизбе, ки дар интихобот мақоми дуюмро касб мекунад, курсиҳои порлумониро соҳиб гардад, то дар кишвар боз порлумони якҳизбӣ ба вуҷуд наояд.

Ёдовар мешавем, ҳама 107 депутати Маҷлиси порлумони кишвар намояндаи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии «Нуротан» ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки дар Қазоқистон даҳ аҳзоби сиёсӣ, ки ҳар яке беш аз 50 ҳазорӣ узв доранд, фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG