Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли 56 мусаллаҳи толиб дар Арғандоб


Дар амалиёти муштараки артиши Афғонистон ва нерӯҳои НАТО дар Қандаҳор 56 толиб кушта ва теъдоде аз онҳо захмӣ шудаанд.

Волии Қандаҳор, Асадуллоҳ Холид аз натиҷаҳои амалиёт ба хабарнигорон иттилоъ дод: "Алҳамдуллилоҳ, бо мадади урдуи миллӣ, нерӯҳои байнулмилалӣ ва мардуми минтақа мо тавонистем, душманро аз ҳамаи деҳаҳои ноҳияи Арғандоб берун ронем. Садҳо нафар аз толиб кушта ва захмӣ шуданд. Онҳо ҳамчунин таслиҳоти зиёди сақила ва хафифаи худро дар ин ҷо боқӣ гузоштанд."

Амалиёти муштараки артиши Афғонистон ва нерӯҳои НАТО, ки рӯзи 18-уми июн дар 20-километрии шимолуғарби шаҳри Қандаҳор сар шуд, 650 мусаллаҳи толибро дар ноҳияи Арғандоб ҳадаф қарор дода, асосан дар минтақаи боғу ҷангалистонҳо ҷараён гирифт. Кӯҳдомани сердарахт ба толибҳо имкон медод, аз камингоҳ ва мавзеъҳои тақвиятёфта истифода кунанд. Гуфта мешуд, толибон пас аз ҳамла ба маҳбаси марказии Қандаҳор ва раҳо кардани 900 маҳбус, аз ҷумла наздик ба 400 ҳамгурӯҳи худ, ба ин минтақа паноҳ бурдаанд.

Аммо дар ҳоле ки волии Қандаҳор аз ҳалокати садҳо толиб ҳарф мезад, афсарони нерӯҳои байнулмилал дар баҳодиҳии натиҷаҳои амалиёт хоскортар буданд, ба вижа ки он ҳанӯз идома дорад. Хабаргузориҳои ғарбӣ ба нақл аз афсарони НАТО мегӯянд, ҳанӯз дақиқ нест, ки минтақа аз толибон комилан озод шудааст ё на.

Сухангӯйи НАТО, Марк Лойтӣ амалиётро муваффақиятомез номида, арқомеро зикр накард, аммо сухангӯйи Вазорати дифоъи Афғонистон, генерал Зоҳир Азимӣ гуфт, дар амалиёти Арғандоб 56 толиб кушта ва теъдоде аз онҳо захмӣ шудаанд. Ба қавли Азимӣ минтақа аз толибон пурра пок шудааст, вале минаҳое боқӣ мондаанд, ки бояд безарар гардонида шаванд.

Наздик ба 800 сарбози урдуи миллии Афғонистон бо пуштибонии садҳо ҷанговари канадаӣ дар амалиёте ширкат доранд, ки яке аз бузургтарин маъаракаи ҳарбии Афғонистон дар солҳои охир аст.

Густардагии амалиёт ва ҳамзамон худи ҳамла ба маҳбас аз бозгашти толибҳо ба ҷануби Афғонистон шаҳодат медиҳад. Гуфта мешавад, онҳо махсусан дар манотиқи ҳаммарз бо Покистон мавқеъи устувор дошта, аз пойгоҳҳое дар манотиқи қабиланшини Покистон истифода мекунанд.

Рустоиёне, ки маҳалли даргириҳо дар Арғандобро тарк кардаанд, мегӯянд, сарулибоси аксари мусаллаҳони толиб ба паштунҳои Покистон шабеҳ аст. Чунончи, онҳо дар сар кулоҳи вижаи "пакул" доранд, дар ҳоле ки паштунҳои маҳаллӣ ба салла бартарӣ медиҳанд.

Даргириҳо дар ҳоле ҷараён доранд, ки муносибатҳои миёни Афғонистон ва Покистон зимни ҳамлаҳои фаромарзии толибҳо ба сардтарин нуқтаи худ расидааст. Президенти Афғонистон, Ҳомид Карзай ба сарони толибҳо дар Покистон ҳушдор дод, ки нерӯҳои кишвараш метавонанд, ба онҳо дар қаламрави Покистон низ зарба зананд. Исломобод Кобулро огоҳ кардааст, ки истиқлолияти Покистонро тахриб накунад.

XS
SM
MD
LG