Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи нишасти NАТО ва Украина


Имрӯз рӯзи охирини нишасти NАТО дар Киев аст. Нишасте, ки бо мухолифат ва асабонияти Маскав ҳамроҳ будааст.

Маскав мухолифи шадиди ба узвияти ин паймони низомӣ даромадани Киев аст ва барои пофишорӣ ба ин мавқеъаш ба баъзе таҳдидҳо ҳам роҳ медиҳад.

Мақомоти Маскав дирӯз эълом намуданд, ки муҳаррикҳои сохти Украина барои мушакҳои низомии Русияро дигар харидори намекунанд ва бо муҳарикҳои сохти ватанӣ кори худро пеш хоҳанд бурд.

Изҳороти Русия дувумин иқдоме дар роҳи мухолифати ин кишвар ба кӯшишҳои шомил шудани Украина ба сохторҳои NАТО мебошад ва дар ҳоле садо медиҳад ки дабири кулли ин паймони низомӣ Яаап де Хуп Схеффер аз Киев боздид мекунад.

Қаблан рузи шанбе муовини аввали нахуствазири Русия Сергей Иванов гуфт, агар Украина вориди NАТО шавад он кишвар робитаҳои иқтисодиашро бо Русия аз даст медиҳад ва аз коҳиши ҳамкориҳои тиҷоратӣ азият хоҳад кашид.

Дирӯз раиси Пажӯҳишгоҳи моддаҳои ҳавопаймоии Русия Евгений Каблов изҳор дошт, ки нахуствазир Владимир Путин амр кардааст, баъзе алоқаҳо бо Украина бозбинӣ шавад. Каблов гуфт: “Владимир Путин супориш додааст муҳаррикҳои мушакҳои низомӣ иваз шавад, то он ки ба вобастагӣ аз Украина хотима дода шавад”.

Фурӯши муҳаррикҳо дар робитаҳои тиҷоратии миёни Украина ва Русия нақши аслӣ мебозад ва ин яке аз василаҳои фишор ба мақомоти Киев аст. Ин дар ҳолест, ки Яаап де Хуп Схеффер зимни сафараш ба Украина эълом намуд, узвият дар NАТО ҷойгир кардани пойгоҳҳои низомии он дар ин кишварро тақозо нахоҳад кард ва ба равобити дуҷонибаи Украина ва Русия зиёне нахоҳад расонд. Ҳамзамон дабири кулли паймон гуфт ки тасмими шомилшавии Украина ба ҳайати NАТО танҳову танҳо аз ҷониби аъзои ин паймон гирифта мешавад: “Ҳаққи тасмимгириро дар NАТО танҳо 26 кишвари узв доранд ва ин тасмим ҳам марбут ба наздиктар кардани Украина ба NАТО ва барномаи узвият дар ин паймон мебошад. Чунин тасмимро ҳеҷ кас ба ҷуз 26 кишвари узв гирифта наметавонанд".

Бо вуҷуди ин Схеффер афзуд, узвият дар NАТО бар зидди Руссия равона нашудааст ва Маскав муттаҳиди ин паймон хоҳда монд.

Раисиҷумҳурии Украина Виктор Юшенко зимни нишасти муштаракаш бо Схеффер бо ин нуктаҳои дабири кулли NАТО изҳори ҳамфикрӣ карда гуфт: “Пеш аз ҳама, мо бояд дар ёд дошта бошем ки ин муҳовара миёни Украина ва NАТО аст. Ман бовар дорам ки ҷониби севум, ки шомили НАТО намебошад ҳеҷ ҳақе надорад ба узвияти Украина мухолифат кунад.”


Юшенко аз оғоз барномаҳои узвият дар паймони низомии NАТО-ро ҳадафи худ қарор додааст, ва ин мавзӯъ яке аз масоили калидии сиёсати хориҷаи ӯ мебошад.

XS
SM
MD
LG