Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як бушка нафт 140 доллар шуд


Қимати нафт боз ҳам боло рафта ба рекорди нави худ баробар шудааст. Ҳамакнун барои ҳар бушка нафт 140 доллар тақозо мешавад. Хабари болоравии қимати нафт дар ҳоле пахш мешавад, ки Арабистони Саъудӣ ахиран розӣ шуд, ки мизони тавлиди нафтро рӯзона то 200 ҳазор бушка афзоиш диҳад ва бо ин роҳ ба поинравии қиматҳо мусоидат кунад. Нишондодҳои куллии тавлиди нафт дар як рӯз дар Саъудия ба 9,7 миллион бушка баробар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG