Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолланд барои Сребренитса айбдор мешавад


Чаҳор бозмондаи қатли оми мусламонҳои Босния дар Сребренитса дирӯз дар додгоҳи Ҳолланд гуфтанд, ки артиши ин кишвар гунаҳгор аст, ки натавонист аз қатли хешу наздикони онҳо ҷилавгирӣ кунад. Замоне, ки нирӯҳои сербҳои босниягӣ ба Сребренитса, маҳалли контроли сарбозони ҳолландӣ таҳти сарпарастии СММ, ҳамла карданд, 8000 писарҳову мардони мусалмон ба қатл расиданд. Рӯзи чоршанбе айнан ҳамин додгоҳ дар Ҳейг шикояти дигари ҳамсонро баррасӣ хоҳад кард, ки аз ҷониби 600 нафар хешовандони қурбониҳои Сребренитса аз болои давлати Ҳолланд ва СММ карда шудааст. Эҳтимол дорад, ки баррасии ин қазияҳо моҳҳо тӯл кашад.

XS
SM
MD
LG