Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон хостори сабри мамолики ғарбӣ шуд


Аз замоне, ки Парвиз Мушарраф аз мансаби сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Покистон даст кашид, вазъи амниятии Покистон ташвишовар шуд.

Суоле ба миён омадааст, ки оё сарпечӣ аз дастгирии бечуну чарои президент Мушарраф дуруст буд?

Вале ҳукумати нави Покистон, ки мухолифи Мушарраф аст, ба мамолики ғарбӣ машварат медиҳад, ки ба як шахс такя накарда, ба ҳукумати аз роҳи демократӣ интихоб шудаи Покистон ёрӣ расонанд.

Шореҳи нашрияи амрикоии "Washington Post" менависад, аз эҳтимол дур нест, ки дар ин рӯзҳо президенти Покистон Парвиз Мушарраф бо лабханди мағрурона ишора кунад, ки бубинед, демократияи шумо моро то куҷо мебарад: Мубориза барои қудрат эътилофи ҳокимро ба фалаҷ расондааст; ҳуқуқшиносону додгустарҳо ошӯб бардошта, ҳафтаи гузашта ба пойтахт раҳпаймоӣ намуданд ва болоравии нархи маводи ғизоӣ метавонад боиси нооромиҳои мардумӣ гардад.

Парвиз Мушарраф, ки соли 1999 дар натиҷаи табаддулоти низомӣ сари қудрат омадааст, то моҳи феврали соли равон ҳам сарвари давлат буд ва ҳам сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Покистон. Зери фишори ИМА Мушарраф аз мансаби низомӣ даст кашид, вале ҳанӯз ҳам аз манзиле, ки мақарри зисти сарфармондеҳ мебошад, хориҷ нашудааст.

Дар давоми ин солҳо Муашарраф саъй мекард, ба мамолики ғарбӣ собит намояд, ки танҳо ӯ коршарики боэътимоди Ғарб дар мубориза бо «Ал-Қоида» ва «Толибон» аст.

Акнун артиши Покистон ва хадамоти амниятии ин кишвар аз муқовимат ба «Ал-Қоидав»-у «Толибон» дар минтақаи зери назорати қабилаҳо даст кашидаанд ва пойгоҳҳое, ки барои ҳамла болои артиши Афғонистону нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон истифода мешуданд, имкон дорад ба макони тарҳрезии ҳамлаҳо болои ИМА табдил ёбанд.

Тирпарронии ҳафтаи гузашта дар марзи миёни Покистону Афғонистон, ки дар он эҳтимол бо тири низомиёни ИМА чанд сарбози покистонӣ кушта шуданд, гувоҳи он аст, ки ҳамкории миёни кишварҳо дар ҷанг бо терроризм беҳбуд мехоҳад.

Ҳомиди Карзай раисҷумҳури Афғонистон гуфт, барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои «Толибон»-у «Ал-Қоида» артиши Афғонистон ҷангҷӯёнро ҳатто дар хоки Покистон таъқиб хоҳад кард.

Бо ишора ба ин изҳорот Покистон таъкид кардааст, ба касе иҷозат намедиҳад, дар умури ин кишвар дахолат кунад.

Дар чунин ҳол суоле матраҳ мешавад, ки оё ин кишвари исломии дорои аслиҳаи ҳаставӣ дар рӯ ба рӯи инқилоби исломӣ қарор дорад? Ва ё кашмакашҳои дохилӣ онро пора-пора хоҳад кард?

Сафири тозатаъйиншудаи Покистон дар ИМА Ҳусайн Ҳаққонӣ, ки дар гузашта мушовири хонум Беназир Бҳутто раҳбари фақиди ҳизби ҳокими Покистон будааст, мегӯяд, қаблан сохтори давлатии Покистон тавре ташкил шуда буд, ки дар он ҳукумати мулкӣ ноком гардад.

Ҳаққонӣ меафзояд, генералҳо бидуни кадом машварате бо ҳукумат бо раҳбари толибони покистонӣ Байтуллоҳ Маҳсуд созиш имзо карда, иҷозат доданд, ки ӯ конфронси матбуотӣ гузаронад ва дар он ваъда диҳад, ки болои Амрикову Афғонистон ҳамла мекунад.

Вале сафири Покистон дар Вашингтон мегӯяд, ҳукумат барномаи мубориза бо ҷангҷӯён дар минтақаи таҳти назорати қабилаҳоро таҳия кардааст, ки аз панҷ бахш иборат аст. Дар он рушди иқтисодӣ, ислоҳоти сиёсӣ ва музокирот бо раҳбарони қабилаҳо низ мадди назар аст.

Ҳаққонӣ мегӯяд, музокирот бо Байтуллоҳ Маҳсуд мутаваққиф гаштаанд ва то замоне, ки ин фармондеҳ ба оташбас ризоят надиҳаду ҷангҷӯёни хориҷӣ ба вижа «Ал-Қоида»-ро аз минтақа берун накунад, касе бо ӯ гуфтушунид нахоҳад кард.

Ба қавли Ҳаққонӣ барои ИМА беҳтар аст, ки бо ҳукумати мулкӣ ҳамкорӣ намояд. Ӯ меафзояд, маҳсули талошҳои демократияи покистонӣ аз кӯшишҳои генерали танҳо хеле бештар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG