Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Покистон ба сафири афғон


Покистон сафири Афғонистон дар Исломободро фаро хонда, дар иртибот бо изҳороти Ҳомиди Карзай пиромуни таъқиби ошӯбгарон дар хоки Покистон эътироз баён кард.
Рӯзи якшанбе президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай бо ишора ба ҳамлаҳои ошӯбгарон гуфт, ки Афғонистон ҳақ дорад бо мақсади дифоъ аз худ болои Толибони ошӯбгар дар хоки Покистон ҳам амалиёт роҳандозӣ намояд.
Пеш аз фарохонии сафир сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гилонӣ гуфт, Покистон иҷозат нахоҳад дод, ки касе ба қаламрав ва ё умури ин кишвар дахолат кунад.

XS
SM
MD
LG