Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Бушу Браун дар Лондон


Имрӯз дар Лондон мулоқоти раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш ва нахуствазири Бритониё Гордон Браун баргузор мешавад. Қарор аст ду муттафиқи сиёсӣ роҷеъ ба дурнамои Ироқ ва Эрон баҳсу гуфтугӯе анҷом диҳанд. Ин охирин боздиди Буш аз Лондон ба ҳайси раиси ҷумҳурии Амрико хоҳад буд ва бо ҳамин боздиди вай аз Аврупо ҳам хотима хоҳад ёфт. Вай дирӯз шом вориди Лондон шуд ва бо Малика Елизаветаи 2 дар Кохи Виндзор мулоқоте анҷом дод. Дар соатҳое, ки дирӯз шом Бушу Браун сари мизи наҳор вохӯрданд, ҳудудан 2000 нафар дар майдони парлумонии Лондон як намоиши эътирозӣ ташкил карданд. Дар паи задухӯрде миёни нирӯҳои полис ва тазоҳургарон, 25 нафар боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG