Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Миср зидди нуфузи афзояндаи Эрон


Вазири хориҷаи Миср Аҳмад Абулғайт гуфт, ки Эрон ба хотири таҳкими нуфузаш дар минтақаи Ховари Миёна аз василаҳои мухталифи сиёсиву дипломатӣ кор мегирад. Дар сӯҳбат бо як нашрияи маҳаллӣ Абулғайт гуфт, ки Эрон ҳақи ҳимоят аз манофеи миллии худро дорад, аммо набояд манфиатҳои давлатҳои Арабӣ нодида гирифта шавад. Дар ин мусоҳибааш бо нашрияи "Рӯз-ал-Юсуф" вазири хориҷаи Миср ба даст доштан ва пуштибонӣ кардани Ҷумҳурии Исломӣ аз ҷангиён дар Ироқу Лубнону манотиқи Фаластинӣ ишора кард. Вай гуфт, ки дар бархе ҳолатҳо таҳаввулоти мазкур паёмадҳои нохуш дошта метавонад. Ҳукумати Миср ҷузве аз як эътилофи ғайрирасмии зидди нуфузи Эрон дар ҷаҳони Араб мебошад.

XS
SM
MD
LG