Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буш барои боздиди дуруза вориди Фаронса шуд


Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико дар идомаи силсилабоздидҳои худ аз Аврупо барои боздиди дуруза вориди Фаронса шуд. Вай баъд аз вуруд ба Порис дар маққари Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд дар бораи масоили аслии давраи раёсати ҷумҳуриаш мухтасар суҳбат кард. Вай аз ҷумла гуфт, бояд Ғарб мутмаъин бошад, ки Афғонистон дигар лонаи террористҳо нахоҳад буд. Вай таъкид кард, ки имзои сулҳи Исроилу Фаластин дар соли ҷорӣ имкон дорад. Қабл аз Фаронса Буш аз Словениёву Олмон ва Итолиё боздид кард. Вай баъд аз Фаронса ба Бритониё меравад.
XS
SM
MD
LG