Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан тарафдори нақши бештари Аврупо дар Косово


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун пешниҳодеро ба баррасӣ гузошт, ки он тағйири сохтории ҳайати СММ дар Косоворо пешбинӣ карда, ба Иттиҳодияи Аврупо салоҳияти бештарро дар умури полис, додгоҳҳо ва дигар маъмуриятҳои расмӣ фароҳам меорад. Пешниҳоди оқои Бан роҳро барои истиқрори 2200 нафар полис ва ҳайати адлияи бо исми EULEX ҳамвор мекунад. Тарҳи мазкурро Русияву Сербистон, ки муқобили истиқлолияти Косово мебошанд, қабул надоранд. Нахуствазири Сербистон Войислав Коштунитса, ки бояд ин мақомашро тарк кунад, дар изҳороте мегӯяд, нақшаи мазкур ғайри қобили қабул аст, чунки он зидди қатъномаҳои СММ буда, истиқлолият ва тамомияти арзии Сербистонро халалдор мекунад. Русия талаб кардааст, ки алайҳи раҳбари ҳайати СММ дар Косово барои ба қавли Маскав таҳияи ғайриқонунии шароити вогузоркунии масъулият дар ихтиёри Иттиҳодияи Аврупо тадбирҳои маъмурӣ андешида шавад. Дар таҳаввулоти дигар, НАТО изҳори омодагӣ кардааст, ки Нирӯҳои нави амниятии Косоворо дар ҳайати 2500 тамрин диҳад.
XS
SM
MD
LG