Гуфта мешавад, ин 8 нафар мард бо ҷурмҳои куштор ва таҷовуз чунин муҷозо шуданд. Ба қавли рӯзномаи «Эрон», муҷозот дар зиндони машҳури «Эвин», шимолии пойтахти кишвар Теҳрон, мавриди амал қарор гирифтааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷузъиёти ҷинояти ин 8 нафар эъдомшуда ҳамоно равшан нашудааст. Вале муқаррар шудааст, ки 6 нафари ин ҷинояткорон аз 34 сол камтар синн доштаанд.
Куштор, таҷовуз, ғорат ва дуздии мусаллаҳона, ҳамчунин гардиши ғайриқонунии маводди мухаддира дар Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамоно қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ, ки солҳои ахир ба таври қобили мулоҳиза дар кишвар рух медиҳанд, маҳсуб мешаванд.