Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Буш аз Рум


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш вориди Рум, пойтахти Итолиё шуд. Ин боздиди охирини расмии вай аз Аврупо ба ҳайси раҳбари Амрико гуфта мешавад. Қарор аст, вай бо нахуствазири Итолиё Силвио Берлусконӣ ва Попи Рум Бенедикти 16 мулоқот кунад. Дар меҳвари гуфтугӯҳои Бушу Берлусконӣ барномаи ҳастаии Эрон ва барномаҳои НАТО дар Афғонистон қарор хоҳад гирифт. Буш баъди мулоқот бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел вориди Итолиё шуд.

XS
SM
MD
LG