Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкоршавии 260 тонна ҳашиш


Полиси Афғонистон гуфт, ки 260 тонна ҳашишро боздошт ва мусодира кардааст ва нирӯҳои НАТОву ҳукумати Бритониё аллакай гуфтаанд, ки қаблан ин гуна миқдори зиёди маводи мухаддир ошкор нашуда буд. Нирӯҳои посдори сулҳи байналмилалии таҳти сарпарастии НАТО мегӯянд, ки қимати ин миқдор ҳашиш 400 миллион доллар мебошад. Ин миқдор ҳашиш дар кӯҳистони вилояти ҷанубии Қандаҳор ошкор ва дар ҳамон ҷо ба коми оташ андохта шуд. Афғонистон 90 % афюни ҷаҳонро тавлид мекунад ва дар ин охирҳо ба бузургтарин истеҳсолкунандаи шоҳдона табдил шудааст, ки барои тавлиди ҳашиш кор меояд.
XS
SM
MD
LG