Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш аз лаҳни шадидаш дар ҷанги Ироқ мутаассиф аст


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш таассуф мехӯрад, ки баъзан лаҳни шадидаш дар зеҳни аҳли олам ақидаеро ба бор меорад, ки ӯ фарди "муштоқи ҷанг" аст. Ҳангоми мусоҳиба бо рӯзномаи "The Times" Буш гуфт истифодаи таъбирҳои шабеҳи "онҳоро биёред" ё худ "зинда ва ё мурда" аз он шаҳодат медодаанд, ки ӯ ба истилоҳ "марди сулҳҷӯй" намебошад. Президент Буш нороҳат аст, ки ҷанги Ироқ дар ҷомеаи байналмилалӣ ихтилоф ба бор овард. Ҳамчунон раисҷумҳури ИМА иброз доштааст, ки дар сӯҳбатҳояш бояд аз лаҳни дигар истифода мебурд. Ӯ гуфт, ки мехоҳад ба президенти ояндаи ИМА як чорчӯби дипломатии ҳалли мушкили Эронро мерос гузорад.
XS
SM
MD
LG