Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори духтари фаластинӣ бо оташи танки исроилӣ


Табибони фаластинӣ мегӯянд, ки оташи танки исроилӣ боиси марги як духтари нӯҳсолаи фаластинӣ шудааст. Ба гуфти онҳо ҷасади духтар дар вайронаҳои як хона воқеъ дар деҳаи Қарораи шимоли шаҳри Хон Юнис ёфт шуд, ки онро танки исроилӣ мавриди оташ қарор дода буд.
Сухангӯи нерӯҳои заминии Исроил мегӯяд, дар маркази минтақаи Ғазза нерӯҳои заминӣ ҷангҷӯёни фаластиниро мавриди ҳамла қарор доданд, зеро онҳо мехостанд Исроилро мушакборон намоянд. Ӯ афзуд, ки дар бораи талафоти аҳолии осоишта иттилоъ надорад.
XS
SM
MD
LG