Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти ИМА дар Берлин


Имрӯз аснои зиёрат аз Берлин президенти ИМА Ҷорҷ Буш бо кантслери Олмон хонум Ангела Меркел дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.
Пешбинӣ мешавад, ки дар музокироти ду раҳбар барномаи ҳаставии Эрон, ҳифзи иқлим ва болоравии нархи нафт баҳс хоҳад шуд.
Буш баъди зиёрат аз Словения ва ширкат дар мулоқоти раҳбарони ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ба Берлин рафтааст.
Президент Буш ва раҳбарони аврупоӣ ҳушдор додаанд, ки агар Теҳрон даъвоҳои ҳаставиашро канор нагузорад, эҳтимол СММ таҳрими Эронро тавсеа бахшад.

XS
SM
MD
LG