Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин дидору гуфтугӯҳои президент Буш дар Аврупо


Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури ИМА барои охирин бор ба ҳайси сарвари Амрико бо сарони Иттиҳодияи Аврупо мулоқот хоҳад кард. Мулоқоти Буш ва раҳбарони кишварҳои аврупоӣ имрӯз дар як қаср дар канори шаҳри Люблана, пойтахти Словения баргузор мешавад. Словения раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад. Интизор меравад, ки Ҷорҷ Буш раҳбарони кишварҳои аврупоиро барои кумаки бештар ба Афғонистон, таҳкиими фишор болои Эрон ва ба ҳамкорӣ дар тағйири иқлим даъват кунад. Дар тарҳи баёнияи муштараки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо гуфта шудааст, ки агар Эрон аз идомаи пажуҳиши барномаи ҳастаӣ даст набардорад, Вошингтон ва Брюсел алайҳи ин кишвар таҳримҳои иловагӣ ҷорӣ хоҳанд кард.
Қарор аст ин бегаҳ Ҷорҷ Буш вориди шаҳри Месеберги Олмон шавад ва бо канслер хонум Ангела Меркел мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG