Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кофтукови дафтари Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия


Чанд созмони ҷамъиятии Қирғизистон рейди ба гуфтаи онҳо ғайриқонунии дафтари кории як созмони байналмилалиро дар Бишкек маҳкум карданд. Дирӯз чаҳор марде бидуни огаҳии пешакӣ вориди дафтари кории Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар Бишкек шуда, талаби дидани ҳуҷҷатҳои ин созмонро карданд. Ин созмон мегӯяд, ки ду нафар аз меҳмонон худро чун афсарони полис муаррифӣ карданд ва аммо на ҳуҷҷатҳои расмӣ ва на иҷозатномаи кофтукови санадҳои ин созмонро намоиш доданд. Ивар Дале, намояндаи минтақаии Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар Бишкек гуфт, ки полис баъди он ба чунин иқдом даст зад, ки ин созмон дар бораи маблағгузории чанд тарҳи марбут ба ҳуқуқи башар дар Ӯзбакистон изҳорот пахш кард. Дафтари қирғизистонии ин созмон инчунин ҳақи роҳандозии тарҳҳо марбут ба Ӯзбакистонро дорад.
XS
SM
MD
LG