Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати хонуми аввали Амрико аз ҷаҳон


Лаура Буш, ҳамсари президенти Амрико, ки имрӯз бо як сафари ногаҳонӣ аз Афғонистон дидан кард, аз ҷомиаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, дар ин лаҳзаи ҳалкунанда Афғонистонро дар рӯбарӯи хушунатҳои Толибон танҳо нагузоранд.

Лаура Буш бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай мулоқот карда, ҳамчунин тавассути чархбол аз вилояти Бомиён, маҳалли ду муҷассамаи бузург ва қадимаи Буддо, ки Толибон ҳардуро тахриб карда буданд, дидан кард.

Сафари Лаура Буш ба Афғонистон дар остонаи анҷумани кӯмакрасонҳои Афғонистон сурат мегирад. Ин анҷуман рӯзи 12 июн дар Порис оғоз мешавад.

XS
SM
MD
LG