Ширкати Барқи Тоҷик мегӯяд, ба содироти нирӯи барқ ба Узбакистону Афғонистон оғоз кардааст. Мақомоти ин ширкат ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтаанд, содироти барқ ба дунболи афзоиши назарраси тавлидоти он, ба вижа дар нирӯгоҳи Норак, бузургтарин нирӯгоҳи Тоҷикистон, мумкин шудааст.
Сухангӯи Барқи Тоҷик Нозирҷон Ёдгорӣ гуфт, гармои ахир суръати обшавии пиряхҳоро бамаротиб афзуда, боиси ба чунин зудӣ пур шудани обанбори нирӯгоҳҳо шудааст.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон, ки дар зимистони имсола аз Узбакистон беш аз 700 миллион киловатт-соат нирӯи барқ гирифта буд, акнун дар рӯз ба Узбакистон 6 миллион киловат-соат нирӯи барқ содир мекунад.