Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани Санкт-Петербург ва ояндаи иқтисодии Русия


Дар ифтитоҳи Анҷумани солонаи сармоягузорони хориҷӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия президенти ин кишвар Дмитрий Медведев дар бораи сабабҳои бӯҳрони молии кунунӣ гуфт:

"Аз нодидагирии воқеии таҳдид аз тарафи ширкатҳои бузурги молӣ дар омезиш бо сиёсати султаҷӯёнаи бузургтарин иқтисоди олам, на танҳо ин ширкатҳо, балки мутаассифона, мардуми саросари олам камбағалтар шуданд".

Медведев бар ин назар аст, ки рахна дар байни нақши пешбарандаи ИМА дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва имконоти воқеии ин кишвар яке аз сабабҳои дигари "калидӣ" дар ин бӯҳрон аст.

Президенти Русия илова кард, ки кишвараш бо ҳадафи таҳкими амнияти саросарии энергетикӣ саъй дорад ин бахшро рушд диҳад, вале дар ҳамин ҳол коршарикон ба сармоягузорӣ дар рушди маводи сӯхти биологӣ тамаркуз намудаанд.

Хабарнигори бахши русии радиои Озодӣ Данила Галперович, ки дар Анҷумани Санкт-Петербург ҳузур дошт, мегӯяд:

"Ба фикрам, аҷиб ин буд, ки суханони Медведев ба паёмҳои тунди президенти пештараи Русия Владимир Путин дар бораи Ғарб шабоҳат доштанд. Ҳар касе, ки паёмҳои Медведевро пайгирӣ кардааст, эҳтимол интизор дошт, ки ӯ лаҳни нармтар ва лаҳни ҳамкории бештар бо Ғарбро ихтиёр мекунад".

Медведев, ки баъди ҳашт соли раёсатҷумҳурии Путин сари қудрат омад, изҳор намуд, ки Маскав ба саҳмгирӣ дар ҳалли мушкилӣ омодааст.

Болоравии бесобиқаи нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ даромади Русияро ба маротиб боло бурдааст. Аммо Медведев мегӯяд, Русия метавонад, на танҳо содиркунандаи бузургтарини газ ва дувумин бузургтарин содиркунандаи нафт, балки ҳамчунин яке аз муҳимтарин содиркунандагони гандум дар саросари олам бошад.

Ба қавли президенти Русия ин кишвар имкон дорад, конфронси байналмилалӣ барои арзёбии роҳҳои берунрафт аз бӯҳрони молиро доир намояд, зеро муассисаҳои байналмилалии молӣ ба беҳбуди вазъ омода нестанд.

Медведев бо ишора ба беқурбшавии доллар таъкид кард, ки мақомот нақша доранд, дар ояндаи наздик Русияро ба як маркази ҷаҳонии молӣ ва рубли русиро ба як пули байналмилалии мӯҳтабар табдил диҳанд.

"Табдили Маскав ба маркази нерӯманди молӣ ва табдили рубл ба яке аз нақдинаҳои мӯътабари минтақавӣ аносири калидии барномаи мост, ки рақобатпазирии низоми молии моро собит хоҳад кард. Барномаи муносиби корӣ ба ҳамин зудиҳо ба тасвиб мерасад."

Медведев хотирнишон кард, ки иқдомҳои ахири ҳукумат дар мавриди озодсозии бозори дохилии гази табиӣ ва коҳиши андози бахши истихроҷи нафт ба рушди бозори ҷаҳонии маводи сӯхт кумак мерасонанд.

XS
SM
MD
LG