Рӯзи шанбе бо ҳадафи таъкиди пуштибонӣ аз сулҳ дар Лубнон президенти Фаронса Николас Саркозӣ вориди шаҳри Бейрут шуд.
Ин аввалин сарвари кишвари ғарбист, ки баъди интихоби Мишел Сулаймон ба курсии раёсатҷумҳурии Лубнон аз ин кишвари Ховари Миёна зиёрат мекунад. Сулаймон 25 май президенти Лубнон интихоб шуд. Пеш аз он дар тӯли 18 моҳ Лубнон раисҷумҳур надошт ва бӯҳрони сиёсӣ кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ наздик карда буд.
Дар ҷараёни сафари Лубнон сарвазир Франсуа Фийон, вазири корҳои хориҷӣ Бернар Кушнер, вазири мудофиа Эрве Морен ва раҳбарони бузургтарин ҳизбҳои сиёсии Фаронса раисҷумҳур Саркозиро ҳамроҳӣ мекунанд.
.