Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти раҳбарии Қирғизистон дар дасти кист?


Аксарияти мақомоти раҳбарии Қирғизистонро намояндагони ҷануб кишвар ишғол мекунанд.

Дар ин хусус нашрияи «Аалам», чопи Бишкек, навиша, афзудааст, ки ин дар ҳолест, ки президент Қурмонбек Боқиев ваъда кардааст ба маҳалгароии даврони Аскар Оқоев дар кишвараш хотима хоҳад дод.
Ба гуфтаи Қурмонбек Боқиев, зимни таъйини раҳбарони идораҳо намояндаи кадом минтақаи кишвар будани ин кадрҳо мадди назар гирифта нахоҳад шуд. Ба дунболи ин оқои Боқиев гуфтааст, баъзеҳо чунин мешуморанд, ки президент ҷиҳати таъйини кадрҳо намояндагони ҷанубро дар ҷои аввал ва намояндагони шимолро дар ҷои дувум қарор додааст, ҳарчанд ин даъвоҳо низ бепояву беасосанд.
«Аалам» дар ин маврид мисолҳои фаровоне овардааст. Ба навиштаи ин манбаъ, котиби давлатӣ, дабири шӯрои амният, додситони кулл, вазири дохила, вазири дифоъ, вазири молия, вазири вазъи изтирорӣ, вазири нақлиёт ва коммуникасия, вазири фарҳанг, вазири адлия, вазири шуғли аҳолӣ ва рушди иҷтимоъӣ, ҳамчунин раиси кумитаи сайёҳӣ намояндаи қисмати ҷануби Қирғизистон ҳастанд.
Нашрияи «Аалам» тазаккур додааст, ки раиси порлумон, раисони ҷиноҳҳои аҳзоби сиёсӣ дар порлумони Қирғизистон ва раҳбарони чанд вазорату кумитаҳои давлатӣ ва ожонсиҳои дигар низ аз зумраи намояндагони қисмати ҷануби кишвар таъйин шудаанд. Ба навиштаи ин нашрия ҳатто намояндаи президент дар порлумони кишвар Қамбаралӣ Конгантиев, ки пештар мақоми Додситони кули ҷумҳуриро ишғол карда буд, зодаи вилояти Ҷалолобод аст.
Аммо коршиноси масоъили сиёсӣ Тухтагул Какчикеев бар ин ақида устовор аст, ки асли баромади кадрҳо муҳим нест. Ба гуфтаи Тухтагул Какчикеев, ӯ чунин мешуморад, ки, агар кадрҳои ба ин ё он мақом таъйингардида аз уҳдаи кор баромада тавонанд, дар он сурат намояндаи кадом минтақа будани онҳо аҳаммияти худро гум мекунад.
Бо вуҷуди сару садоҳои зиёд дар мавриди мансубиятҳои маҳаллии кадрҳо, ки баъзе намояндагони доираҳои сиёсӣ ба он таваҷҷуҳи ҷомиъаи кишварашро бештар ҷалб карданианд, мегӯяд коршинос, ҳамаи ин кадрҳо зодаи ҳамин кишваранд.
Дар ҳамин ҳол, дар Русия низ аксарияти кадрҳои ҳукуматро намояндагони Санкт-Петербург ташкил мекунанд, ишора мекунад Тӯхтагул Какчикеев ва мефзояд,
ҳатто Тоҷикистон низ аз ин раванд орӣ нест ва дар ҳоли ҳозир қудрат дар ин кишвари ҳамҷавор дар дасти як клан қарор дорад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки чунин кадрҳо ҳам эътибори президент ва ҳам нуфуси ҳукуматро дар назди ҷомиъа коҳиш медиҳанд.
XS
SM
MD
LG