Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дмитрий Медведев бо ҳамтоҳояш музокирот мекунад


Раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев бо раҳбарони кишварҳои Ҷомеъаи муштаракулманофеъ, ки барои ширкат дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ ва нишасти ғайрирасмии сарони Ҷомеъа ба Санкт-Петербург омадаанд, музокирот анҷом медиҳад. Виктор Юшенко, раиси ҷумҳури Укроин қабл аз мулоқот бо раҳбари Русия изҳори итминон кард, ки "ин гуфтушунид ба ҳалли мушкилоти миёни Маскав ва Киев мусоидат хоҳад кард". Дурнамои эътидоли равобити миёни Маскаву Тифлис – мавзӯъи аслии музокироти Дмитрий Медведев ва раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ эълон шудааст.

То ин лаҳза музокироти раҳбари Русия ва президенти Молдова Владимир Воронин баргузор шуд, ки дар он мавзӯъи ҳалли қазияи Приднестровие ва робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ гардид. Владимир Воронин хабар дод, ки кормандони пулиси Молдова ду мусаввараи аз осорхонаи Эрмитаж рабудашударо пайдо кардаанд ва онҳо ба зудӣ ба Русия баргардонида хоҳанд шуд.
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ барои ширкат дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ ва нишасти ғайрирасмии сарони Ҷомеъаи муштаракулманофеъ ба Санкт-Петербург рафт.

XS
SM
MD
LG