Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди Солана аз нақши Русия дар Абхозистон


Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавер Солана нақши Русияро дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон ба боди танқид кашида, пуштибониашро аз раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ изҳор кард. Зимни суханрониаш дар шаҳри сарҳадии Батумӣ баъди мулоқот бо Саакашвилӣ, Солана Русияро барои чанд амал, аз ҷумла, истиқрори сарбозони иловагиаш дар минтақа, ки боиси "болоравии ҳарорати танишҳо" шудааст, танқид кард:

"Тасмими мазкур, ки Русия онро гирифтааст, оқилона нест ва ба назари ман, барои ҳалли мушкилот мусоидат нахоҳад кард. Ин танҳо барои болоравии ҳарорат сабаб мешавад, ки ба манфиати мо нест. Он чи ки лозим аст, ин поин бурдани шиддати ҳарорат аст".

Солана афзуд, ки умедвор аст, равобити дӯстонаи Иттиҳодияи Аврупову Гурҷистон таҳким хоҳад ёфт. Имрӯз қарор аст дар Санкт-Петербург мулоқоти раиси ҷумҳуриҳои Русияву Гурҷистон ва дар Сухуми мулоқоти Солана бо раҳбарияти шӯришии Абхозистон баргузор шавад. Дар Маскав, дар ҳамин ҳол, муовини ёвари вазири хориҷаи Амрико Метю Бриза барои баррасии ташаббуси нави сулҳ бо Абхозистон ҳузур дошт. Бриза гуфт, ки истиқрори беш аз 300 сарбози рус дар хоки Абхозистон ҷараёни сулҳи минтақаро печидатар кардааст.
XS
SM
MD
LG