Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон ба Афғонистон нирӯи бештар хоҳад фиристод


Ҷопон мехоҳад ба хотири пуштибонӣ аз талошҳои паймони низомии НАТО ба Афғонистон нирӯи бештар бифиристад. Муншии аввали кобинаи вазирони Ҷопон Нобутака Мачимура гуфт, як гурӯҳи таҳқиқотӣ барои омӯзиши вазъ ва ёриҳое, ки Токио метавонад бирасонад, ба Афғонистон хоҳад рафт.

Аммо ӯ афзуд, ки нирӯҳои Ҷопон дар он кишвар танҳо нақши ғайриҷангӣ хоҳанд дошт. Тибқи Қонуни Асосӣ, артиши Ҷопон ҳаққи анҷоми танҳо фаъолиятҳои сулҳомезро дорад, вале он кишвар алакай як артиши бузурге созмон додааст, ки табиъати ҳарчӣ бештар ҷангӣ касб мекунад.

XS
SM
MD
LG