Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи маҳбусони афғонистонӣ ба Э. Раҳмон


Як гурӯҳи зиндониёни афғонистонии яке аз ҳабсхонаҳои бо низоми шадид, воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, зимни як мактуби кушода аз раисҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ки барои интиқоли онҳо ба зиндонҳои кишварашон мусоидат кунад.

Ин гурӯҳи маҳбусони афғонистонӣ, ки 94 нафар гуфта мешаванд, дар мактуби кушода аз ҷумла нигоштаанд, ки «бо сабаби дурӣ аз ватан мо солҳои дароз аст, ки аҳли хонаводаҳои худро намебинем ва аз дигар сӯй бархе аз ҳамсафони мо сахт бемор мебошанд».

Маҳбусони афғонистонӣ аз раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намудаанд, ки дар асоси тавофуқномаи миёни ду кишвар имзошуда интиқоли онҳо ба ҳабсхонаҳои Афғонистонро иҷозат бидиҳад.

XS
SM
MD
LG