Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои масъулияти Ал-Қоида дар таркиши Исломобод


Як изҳороте, ки бовар меравад ба Ал-Қоида марбут аст, мегӯяд, ин гурӯҳи террористӣ масъули таркишҳои маргбори ҳафтаи ҷорӣ болои сафорати Дания дар Покистон аст. Дар як изҳороти интернетӣ, ки аз ҷониби раҳбари Ал-Қоида дар Афғонистон Мустафо Абу Ал Язид иншо шудааст, омадааст, ҳамлаи мазкур посух ба чопи карикатураҳои Муҳаммад-пайғамбар дар нашрияҳои Дания мебошад. Дар изҳороти мазкур омадааст, ки "Дания барои чопи ин карикатураҳо узрхоҳӣ накард". Дар пайи таркиши бомба дар беруни сохтмони сафорати Дания дар Исломобод рӯзи 2 июн шаш нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG