Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии Молдова дар мубориза бо қочоқи инсон


Ҷумҳурии Молдова дар қатори Эрону даҳҳо кишвари дигар ба рӯйхати сиёҳи ИМА ба унвони давлате шомил шудааст, ки шаҳрвандони он махсусан зиёд мавриди қочоқ қарор мегиранд. Гузориши солонаи "Қочоқи инсон", ки аз ҷониби вазорати хориҷаи Амрико нашр мешавад мегӯяд, Молдова дар қатори давлати Фиҷӣ ва Папуа Гвинеяи Нав дар соли гузашта натавонист дар роҳи муқобила бо қочоқи инсон ба пешравӣ даст ёбад. Марк Лагон, мушовири калони вазорати хориҷаи Амрико дар умури афроди қочоқшуда дар ин замина гуфт:

"Барои бори аввал Молдова ба қатори кишварҳои дараҷаи сеюм фаромад ва намоиш дод, ки ҳукумати ин кишвар дар роҳи муқобила бо фасод дар масъалаи қочоқи инсон ва инчунин тарзи бархӯрд бо мақомоти давлатие, ки дар қочоқи инсонҳо даст доранд, ноком шудааст. Чунин нокомӣ дар тавонмандиҳои ҳукумат барои мубориза бо қочоқ монеаву саддҳо эҷод мекунад".

Чунин тақсимбандӣ маънои онро хоҳад дошт, ки ИМА аз ироаи кӯмакҳо ба ин кишвар, ба ҷуз кӯмакҳои башариву тиҷоратӣ, даст мекашад. Молдова дар миёни кишварҳои аврупойӣ аз назари қочоқи инсон дар бадтарин шароит ба сар мебарад, мегӯяд ин гузориш. Ҷумҳурии дигари собиқ шӯравӣ - Ӯзбакистон, баръакс, аз рӯи гузориши вазорати хориҷаи Амрико, имсол аз дараҷаи поинтарини феҳраст як андоза болотар рафтааст.

XS
SM
MD
LG