Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумаки башардӯстонаи Қирғизистон ба Тоҷикистон


Субҳи имрӯз, 4-уми июн, 7 мошини ҳомили маводди башардӯстона аз шаҳри Ӯши Қирғизистон ҷониби марзи Тоҷикистон равона шуд.

Ин мошинҳо 100 тонна ордро ба Тоҷикистон интиқол доданд, ки мавриди эҳтиёҷи мардуми ин кишвари ҳамҷавор мебошад.
Ба иттилоъи Айнура Эшоналиева, сухангӯи Вазорати хориҷаи Қирғизистон, ин кумак дар пайи боздиди мақомоти раҳбарии кишвараш аз вилояти Суғди Тоҷикистон амалӣ гардид. Хонум Эшоналиева инчунин мутазаккир шуд, ки мақомоти кишвараш огаҳ аст, ки дар шурӯъи соли равон сармои шадид иқтисоди Тоҷикистонро ба хисороти зиёд мувоҷеҳ намуд.
Бар асоси суханони сухангӯи Вазорати хориҷаи Қирғизистон бо дарназардошти ҳусни ҳамҷаворӣ ва равобити неку дӯстонаи миёни ин ду кишвар ахиран ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифт, ки барои мардуми ин кишвари ҳамҷавор ёрии башардӯстона расонад.
Гуфта шуд, ки интиқоли ин маводди башардӯстонаро кормандони Вазорати вазъи изтирории Қирғизистон ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол Айнура Эшоналиева таъкид кард, ки, тибқи мувофиқатномаи байни ду кишвар, Тоҷикистон мукаллаф аст минтақаҳои бо вилояти Суғд ҳаммарзи Қирғизистонро дар фасли зимистон бо барқ таъмин намояд.
XS
SM
MD
LG