Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инсон дар «ҷазираҳои шиканҷа»-и Узбакистон


Муътабар Тоҷибоева
Муътабар Тоҷибоева

Муътабар Тоҷибоева, ҳомии ҳуқуқи башар аз Узбакистон, баъди дар маҳбас сипарӣ кардани 970 рӯз имрӯз аз зиндон озод шуд.

Баъд аз раҳоӣ ва пайвастан бо наздикону пайвандон ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз рӯзҳои талху даҳшатбори зиндон ёдовар шуд ва маҳбасҳои Узбакистонро “ҷазираҳои шиканҷа” номид.
Муътабар Тоҷибоева, яке аз маъруфтарин ҳомиёни ҳуқуқи башар дар водии Фарғона (Узбакистон) моҳи октябри соли 2005 аз тарафи мақомоти кишвар боздошт шуд ва баъд аз 5 моҳ додгоҳ ӯро бо чанд иттиҳом, аз ҷумла туҳмат, барои 8 сол равонаи зиндон кард.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва нозирони мустақил гуфтанд, ки парвандаи Тоҷибоева саропо тақаллубист ва ангезаи сиёсӣ дорад. Аз нигоҳи онҳо, ҳадаф аз зиндонӣ кардани ҳомии ҳуқуқи башар – бастани забони Муътабар Тоҷибоева, мунаққиди шадиди аъмоли ҳукумати Узбакистон, – буд. Дар номаҳо аз зиндон хонум Муътабар аз бадрафториву азияти нозирон шикоят мекард.
Созмонҳои дохиливу хориҷӣ пайваста аз мақомоти Узбакистон даъват мекарданд, ки бино ба бад шудани вазъи сиҳҳаташ Тоҷибоеваро аз маҳбас раҳо кунанд. Ва аммо ин ҳама даъватҳо то рӯзи душанбеи гузашта бидуни посух монданд.
Раҳоии Муътабар Тоҷибоева рӯзҳои сафари муовини Котиби давлатии ИМА Ричард Баучер ба Тошканд ва дидору гуфтугӯи ӯ бо мақомоти Узбакистон мумкин гардид. Ричард Баучер рӯзи душанбе баъд аз музокирот бо Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон гуфт, ки дар ин гуфтушунид мавзӯъи беҳбудсозии вазъи ҳуқуқи башар дар кишвар баррасӣ гардид.
Дар ҳамин шол, ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, бори аввал нест, ки ҳукумати Узбакистон аз ин иқдом, яъне раҳоӣ аз маҳбас дар арафаи сафари афроди воломақоми дигар кишварҳо, зиёд кор мегирад. Аз ҷумла, соли равон қабл аз сафри як ҳайъати Иттиҳодияи Аврупо ба хотири баррасии мавзӯъи лағви таҳримҳо дар баробари Тошканд мақомоти Узбакистон чанд тан аз мухолифини ҳукуматро аз маҳбас озод карда буданд.
Муътабар Тоҷибоева ба Радиои Озодӣ гуфт, ки раҳоӣ аз зиндон ҳам барои ӯ ва ҳам барои ҷонибдоронаш дар маҳбас комилан ғайриинтизор буд.
Қисмате аз номаи Муътабар Тоҷибоева аз "ҷазираи шиканҷа", ки дар он ӯ аз адами амнияти ҳаёташ менависад
Муътабар Тоҷибоева мегӯяд, раҳоии ӯ раҳоии комил нест, зеро таййи 3 соли оянда таҳти назорати шадид қарор хоҳад дошт.
Бо вуҷуди ин фишору таъқиб Муътабар Тоҷибоева аз мубориза барои дифоъ аз ҳуқуқи башар даст бардоштанӣ нест ва мегӯяд, ки аз ин баъд ӯ рӯи дифоъ аз ҳуқуқи онҳое тамаркуз хоҳад кард, ки дар зиндонҳои Узбакистон дар вазъи сангин ба сар мебаранд: “Шумо медонед, ман гуфтам, ки маҳбасҳои Узбакистон ҷазираи шиканҷаанд. Ва ман наметавонам вазъи тоқатфарсои мардону занони ин «ҷазира»-ро нодида бигирам. Ман фикр мекунам, ки бояд фаъъолияти худро идома диҳам ва акнун дар бахши қатъи шиканҷа дар маҳбасҳои Узбакистон ва дифоъ аз ҳуқуқи мардону занони маҳбус. Акнун ин вазифаи ман аст”.
Авоили моҳи май Муътабар Тоҷибоева барандаи ҷоизаи байнулмилалии ба номи Мартин Энналс дар соли 2008-ум эълон гардид – ҷоизае, ки аз сӯи 10 созмони бонуфузи мудофеъ аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла «Ҳуман Райтс Вотч» ва «Амнести Интернешнл» тақдим мешавад. Ҳанс Тулен, раиси ҳайати ҳакамони ин ҷоиза гуфт, ки аз Муътабар Тоҷибоева ҳамчун зани ҷасури як кишвар, ки дар он дифоъ аз ҳуқуқи башар фаъъолияти хатарбор аст ва метавонад бо ҳабс ё марг анҷом ёбад, ситоиш кард.
Интизор меравад, ки ин ҷоиза дар як маросими вижа дар Женева шахсан ба Муътабар Тоҷибоева супурда шавад.
XS
SM
MD
LG